https://sputnik.tj/20220704/rusiya-mahdudiyat-kovid-marz-1049719403.html
Русия рӯзи лағви тамоми маҳдудиятҳои ковидӣ зимни вуруди хориҷиҳоро эълон кард
Русия рӯзи лағви тамоми маҳдудиятҳои ковидӣ зимни вуруди хориҷиҳоро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Қарор дар мавриди лағви тамоми маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни убури марзи Русия аз нимаи моҳи июл мавриди амал қарор мегирад
2022-07-04T13:00+0500
2022-07-04T13:00+0500
2022-07-04T13:00+0500
дар русия
беҳдошт
тандурустӣ
нақлиёт
рафтуо
маҳдудият
бекор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/70/1028627079_0:267:3073:1995_1920x0_80_0_0_2e8daf968d96dcbbc8063bebbcd72045.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия аз 15 июл маҳдудиятҳоеро, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус зимни убури марзи кишвар роҳандозӣ шуда буданд, бекор мекунад. Дар ин бора Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар дод, ки ахиран таҳти раёсати ноиби сарвазир, Татяна Голикова ҷаласа баргузор намуд. Қаблан ба далели беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маҳдудиятҳои ковидии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи роҳҳои баҳрию ҳавоӣ бекор гардида буд, аммо бархе маҳдудиятҳо аз тариқи роҳҳои заминӣ боқӣ монда буданд. Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ.Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.
https://sputnik.tj/20220702/sjb-khavf-baland-obila-hamduna-rusiya-hushdor-1049680796.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/70/1028627079_103:0:2832:2047_1920x0_80_0_0_9c1d92c5cffd707eb837be38ab511623.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият, убур, ковид, марз, русия
маҳдудият, убур, ковид, марз, русия
Русия рӯзи лағви тамоми маҳдудиятҳои ковидӣ зимни вуруди хориҷиҳоро эълон кард
Қарор дар мавриди лағви тамоми маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни убури марзи Русия аз нимаи моҳи июл мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия аз 15 июл маҳдудиятҳоеро, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус зимни убури марзи кишвар роҳандозӣ шуда буданд, бекор мекунад.
Дар ин бора Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар дод, ки ахиран таҳти раёсати ноиби сарвазир, Татяна Голикова ҷаласа баргузор намуд.
"Дар пайи баррасӣ қарор шуд, маҳдудиятҳои убури марз дар робита ба паҳншавии коронавирус, ки аз бо қарори ҳукумат аз моҳи марти соли 2020 роҳандозӣ шуда буданд, бекор карда шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан ба далели беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маҳдудиятҳои ковидии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи роҳҳои баҳрию ҳавоӣ бекор гардида буд, аммо бархе маҳдудиятҳо аз тариқи роҳҳои заминӣ боқӣ монда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.