https://sputnik.tj/20220707/tut-afzoish-mizon-covid-jahon-1049804275.html
Раҳбари ТУТ афзоиши мизони COVID дар ҷаҳонро эълон кард
Раҳбари ТУТ афзоиши мизони COVID дар ҷаҳонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Ҳиндустон як зергунаи нави вирус кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад
2022-07-07T09:05+0500
2022-07-07T09:05+0500
2022-07-07T12:59+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
тут
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043710090_0:76:3371:1972_1920x0_80_0_0_c715cf4e0649af61e140c465e6f02628.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейесус, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, дар ду ҳафтаи охир шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон 30 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".Вай қайд кард, ки мавҷи навъҳои коронавируси BA.4 ва BA.5 дар Аврупо ва Амрико паҳн мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар Ҳиндустон як зернамуди нави BA.2.75 кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад. Дар робита ба ин, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз аҳамияти ташхис ва эмгузаронӣ ёдовар шуд."Бо тағирёбии вируси COVID-19, эҳтиёткорӣ, эмкунӣ, ки то ҳол воқеан дар пешгирии шаклҳои вазнини беморӣ ва марг муассир аст, заиф мешавад. Паст шудани масуният аҳамияти реваксинатсияро, бахусус барои гурӯҳҳои хавфнок ҳатмӣ мегардонад", - гуфт раҳбари ТУТ.Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз афзоиши беморӣ хабар доданд. Дар Нурсултон гуфтанд, ки ба мавҷи нави беморӣ омодагӣ мегиранд.Тоҷикистон бошад, барои пешгирӣ назорат дар гузаргоҳҳои марзиро шадидтар мекунад.Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чораандештҳо бодарназардошти вазъ дар кишварҳои минтақа гирифта шудааст.Онишенко: Ҳанӯз дар бораи поёни пандемия чизе гуфтан барвақт астВай таъкид намуд, дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд. Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт.Дар зимн ҳич маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220706/tojikiston-nazorat-behdoshti-purzur-1049788389.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043710090_321:0:3050:2047_1920x0_80_0_0_1ec29d288010e4dfd40f82c4f95d1b63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тут афзоиш мизон covid ҷаҳон
тут афзоиш мизон covid ҷаҳон
Раҳбари ТУТ афзоиши мизони COVID дар ҷаҳонро эълон кард
09:05 07.07.2022 (Навсозишуда: 12:59 07.07.2022) Ба гуфтаи раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Ҳиндустон як зергунаи нави вирус кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейесус, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, дар ду ҳафтаи охир шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон 30 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Дар ду ҳафтаи охир теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон тақрибан 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз шаш зерминтақаи ТУТ ҳафтаи ахир дар чаҳортоаш афзоиши шумори мубталоён ба ин беморӣ мушоҳида шудааст",- гуфт раиси ин созмон.
Вай қайд кард, ки мавҷи навъҳои коронавируси BA.4 ва BA.5 дар Аврупо ва Амрико паҳн мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар Ҳиндустон як зернамуди нави BA.2.75 кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад. Дар робита ба ин, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз аҳамияти ташхис ва эмгузаронӣ ёдовар шуд.
"Бо тағирёбии вируси COVID-19, эҳтиёткорӣ, эмкунӣ, ки то ҳол воқеан дар пешгирии шаклҳои вазнини беморӣ ва марг муассир аст, заиф мешавад. Паст шудани масуният аҳамияти реваксинатсияро, бахусус барои гурӯҳҳои хавфнок ҳатмӣ мегардонад", - гуфт раҳбари ТУТ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз афзоиши беморӣ хабар доданд. Дар Нурсултон гуфтанд, ки ба мавҷи нави беморӣ омодагӣ мегиранд.
Тоҷикистон бошад, барои пешгирӣ назорат дар гузаргоҳҳои марзиро шадидтар мекунад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чораандештҳо бодарназардошти вазъ дар кишварҳои минтақа гирифта шудааст.
Вай таъкид намуд, дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд. Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт.
Дар зимн ҳич маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.