https://sputnik.tj/20220706/uzbekiston-khatar-nav-1049800423.html
СПАД: Ӯзбекистонро хатари нав таҳдид мекунад
СПАД: Ӯзбекистонро хатари нав таҳдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи намояндаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, дар ҷумҳурӣ вазъи ноустувор вуҷуд дорад: вазъ метавонад чанд вақт пас аз ҳодисаҳои Нуқус бадтар шавад
2022-07-06T20:45+0500
2022-07-06T20:45+0500
2022-07-06T20:45+0500
ӯзбекистон
спад
хатар
таҳдид
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042421531_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_43c030932067a57c4c9901bc2e06e09e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазъ дар Ӯзбекистон метавонад бадтар шавад, гуфт намояндаи котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Александр Кузнетсов .Дар Анҷумани IX ҷануби амнияти иттилоотӣ "Инфофорум - Сочи" ӯ қайд кард, ки шояд чанд вақт пас аз ҳаводиси Қарақалпоқистон ташаннуҷи дигар дар ин кишвар ба миён ояд. Вай гуфт, таъсир ба ҳамаи кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла тавассути муҳити иттилоотӣ мерасад, ки вазъро муташанниҷ мекунад."Аксари давлатҳо аллакай сохторҳои низомиеро таъсис додаанд, ки ба шаклҳои гуногуни таъсир (дар муҳити иттилоотӣ - шарҳ аз идора.) машғуланд", - афзуд намояндаи СПАД. Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.Қаблан парлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.Парлумони Ӯзбекистон мақоми худмухтори Қароқалпоқистонро бетағйир мондПас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.
https://sputnik.tj/20220706/nukus-oshub-shahrvandon-khorij-bozdosht-1049785650.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042421531_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_19cf42eac39efc5088f9eccfdf1eeaa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, таҳдид
СПАД: Ӯзбекистонро хатари нав таҳдид мекунад
Ба гуфтаи намояндаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, дар ҷумҳурӣ вазъи ноустувор вуҷуд дорад: вазъ метавонад чанд вақт пас аз ҳодисаҳои Нуқус бадтар шавад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазъ дар Ӯзбекистон метавонад бадтар шавад, гуфт намояндаи котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Александр Кузнетсов .
Дар Анҷумани IX ҷануби амнияти иттилоотӣ "Инфофорум - Сочи" ӯ қайд кард, ки шояд чанд вақт пас аз ҳаводиси Қарақалпоқистон ташаннуҷи дигар дар ин кишвар ба миён ояд.
"То ҳол ҳама чиз бениҳоят ноустувор аст, мушкилиҳо интизоранд... ба ин вокуниш низ хоҳад буд", - таъкид кард Кузнетсов.
Вай гуфт, таъсир ба ҳамаи кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла тавассути муҳити иттилоотӣ мерасад, ки вазъро муташанниҷ мекунад.
"Аксари давлатҳо аллакай сохторҳои низомиеро таъсис додаанд, ки ба шаклҳои гуногуни таъсир (дар муҳити иттилоотӣ - шарҳ аз идора.) машғуланд", - афзуд намояндаи СПАД.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.
Қаблан парлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.
Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.
Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.
Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.