https://sputnik.tj/20220706/nukus-oshub-shahrvandon-khorij-bozdosht-1049785650.html
Дар Нуқус ҳангоми ошӯбҳо шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд
Дар Нуқус ҳангоми ошӯбҳо шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, ҳангоми ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд 06.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-06T13:35+0500
2022-07-06T13:35+0500
2022-07-06T13:37+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
шаҳрвандони хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_0:48:1001:611_1920x0_80_0_0_f948408733c3f7f76e487677123a2b51.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ зимни ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон боздошт гардиданд. Дар ин бора муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, Ҳомидҷон Додабоев хабар додааст.Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.Қаблан порлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши ба тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.
https://sputnik.tj/20220704/porlumon-uzbekiston-maqom-qaroqalpoqistonro-betaghyir-1049716000.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_51:0:904:640_1920x0_80_0_0_3614d6ddbd2c3d06a65a651fc9d5c119.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, ӯзбекистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрвандони хориҷӣ
осиёи марказӣ, ӯзбекистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрвандони хориҷӣ
Дар Нуқус ҳангоми ошӯбҳо шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд
13:35 06.07.2022 (Навсозишуда: 13:37 06.07.2022) Ба таъкиди муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, ҳангоми ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ зимни ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон боздошт гардиданд.
Дар ин бора муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ӯзбекистон, Ҳомидҷон Додабоев хабар додааст.
"Дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Маълумот дар бораи онҳо сирри тафтишот аст. Баъдан маълум мешавад", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.
Қаблан порлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.
Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.
Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нуқус сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши ба тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нуқус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.
Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.