https://sputnik.tj/20220705/stanakzay-eroniho-dustu-barodari-millati-afghoniston-1049771685.html
Станакзай: Эрониҳо дӯсту бародари миллати Афғонистон ҳастанд
Станакзай: Эрониҳо дӯсту бародари миллати Афғонистон ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори аршади давлати муваққати толибон ахиран гуфтааст, ки мардуми Эрон барои миллати Афғонистон дӯсту бародар ҳастанд
2022-07-05T22:00+0500
2022-07-05T22:00+0500
2022-07-05T22:00+0500
афғонистон
толибон
ҳамкорӣ
эрон
равобит
дӯстӣ
бародар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462177_0:49:1080:657_1920x0_80_0_0_0b0e81b98cb9b880aed1bfdbda893bbb.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шермуҳамад Аббоси Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сафири Эрон дар Кобул эрониҳоро дӯсту бародари миллати Афғонистони хонд ва бар тақвияти фазои дӯстии байни мардуми ду кишвар таъкид кард, иттилоъ додааст радиои “Садои Хуросон”.Тибқи иттилои манбаъ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сифорати Эрон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз миллати Афғонистони иброз умедворӣ кард.Вай ҳамчунин дар ин дидор равнақи тиҷорати байни ду кишварро хостор шуд.Муовини сифири Эрон дар Кобул низ дар ин дидор гуфт: “Равобити Афғонистону Эрон собиқаи таърихӣ доранд, бинобар ин ду миллат иҷоза намедиҳанд, аносири муғриз ин равобитро тира кунанд.Бояд гуфт, ахиран Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар дидор бо Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зилзилазадагони минтақаи Хусту Пактико қадрдонӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20220701/toshkand-konfrons-afghoniston-1049655527.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462177_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_0ba34e0ea5c56295b8c554a438b36a63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, эрон, ҳамкорӣ, миллат, дӯстӣу бародар
афғонистон, толибон, эрон, ҳамкорӣ, миллат, дӯстӣу бародар
Станакзай: Эрониҳо дӯсту бародари миллати Афғонистон ҳастанд
Мақомдори аршади давлати муваққати толибон ахиран гуфтааст, ки мардуми Эрон барои миллати Афғонистон дӯсту бародар ҳастанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шермуҳамад Аббоси Станакзай, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сафири Эрон дар Кобул эрониҳоро дӯсту бародари миллати Афғонистони хонд ва бар тақвияти фазои дӯстии байни мардуми ду кишвар таъкид кард, иттилоъ додааст радиои “Садои Хуросон”.
Тибқи иттилои манбаъ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷии давлати муваққати толибон дар дидори муовини сифорати Эрон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз миллати Афғонистони иброз умедворӣ кард.
“Мушкили ҳисобҳои бонкии муҳоҷирони афғон дар Эрон ба зудӣ бартараф шавад”,- гуфт Станакзай.
Вай ҳамчунин дар ин дидор равнақи тиҷорати байни ду кишварро хостор шуд.
Муовини сифири Эрон дар Кобул низ дар ин дидор гуфт: “Равобити Афғонистону Эрон собиқаи таърихӣ доранд, бинобар ин ду миллат иҷоза намедиҳанд, аносири муғриз ин равобитро тира кунанд.
Бояд гуфт, ахиран Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар дидор бо Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул аз кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зилзилазадагони минтақаи Хусту Пактико қадрдонӣ карда буд.