https://sputnik.tj/20220706/prezident-turkmaniston-vazir-difo-amniyat-1049779880.html
Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дод
Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Далели танбеҳи вазирони мудофиа ва амнияти миллии Туркманистон аз сӯи президент, роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият арзёбӣ шудааст
2022-07-06T10:09+0500
2022-07-06T10:09+0500
2022-07-06T13:52+0500
туркманистон
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
сардор бердимуҳаммадов
танбеҳ
вазир
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049779372_0:49:3023:1749_1920x0_80_0_0_86bde2e9a706a6bd31c7bbd033fc0bf0.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ду масъули баландпояи таъмини амнияти кишварашро танбеҳ додаст. Ба иттилои нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан", аз ҷумла вазири дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон, Бегенч Гундогдиев ҷазо дар намуди танбеҳ гирифтааст. Ҳамчунин Бердимуҳаммадов чунин чораро дар мавриди вазири амнияти миллии кишвараш, Қурбонмират Аннаев низ татбиқ кардааст. Нашрияи расмии ҳукумати Туркманистон менависад, ки Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки ба натиҷаҳои кори сохторҳои қудратии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бахшида шуд, фармонҳои дахлдорро имзо кард. Дар фармони муҷозот таъкид шудааст, ки "барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва камбудиҳо дар кор" танбеҳ эълон карда шавад. Аммо тафсилоти онро ироа накардаанд. Маврид ба зикр аст, ки Бегенч Гундогдиев аз соли 2018 вазири дифои Туркманистон ва аз соли равон котиби Шӯрои амният мебошад. Қурбонмират Аннаев аз соли 2020 раёсати Вазорати амнияти миллии Туркманистонро бар ӯҳда дорад. Татбиқи танбеҳ дар ҳолест, ки Туркманистон дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарон хатарҳои бархоста аз ин кишвари ҳамсоя бар амнияти минтақа таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20220705/ojil-hamlai-mushaki-marzi-uzbekiston-1049774681.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049779372_245:0:2974:2047_1920x0_80_0_0_4b309579433eedc8bdcb3edbf964515c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
танбеҳ, вазирон, қудратӣ, туркманистон
танбеҳ, вазирон, қудратӣ, туркманистон
Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дод
10:09 06.07.2022 (Навсозишуда: 13:52 06.07.2022) Далели танбеҳи вазирони мудофиа ва амнияти миллии Туркманистон аз сӯйи президент роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ду масъули баландпояи таъмини амнияти кишварашро танбеҳ додаст.
Ба иттилои нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан", аз ҷумла вазири дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон, Бегенч Гундогдиев ҷазо дар намуди танбеҳ гирифтааст.
Ҳамчунин Бердимуҳаммадов чунин чораро дар мавриди вазири амнияти миллии кишвараш, Қурбонмират Аннаев низ татбиқ кардааст.
Нашрияи расмии ҳукумати Туркманистон менависад, ки Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки ба натиҷаҳои кори сохторҳои қудратии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бахшида шуд, фармонҳои дахлдорро имзо кард.
Дар фармони муҷозот таъкид шудааст, ки "барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва камбудиҳо дар кор" танбеҳ эълон карда шавад. Аммо тафсилоти онро ироа накардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бегенч Гундогдиев аз соли 2018 вазири дифои Туркманистон ва аз соли равон котиби Шӯрои амният мебошад.
Қурбонмират Аннаев аз соли 2020 раёсати Вазорати амнияти миллии Туркманистонро бар ӯҳда дорад.
Татбиқи танбеҳ дар ҳолест, ки Туркманистон дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарон хатарҳои бархоста аз ин кишвари ҳамсоя бар амнияти минтақа таҳдид мекунад.