https://sputnik.tj/20220705/ojil-hamlai-mushaki-marzi-uzbekiston-1049774681.html
Оҷил: Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон
Оҷил: Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Як гуруҳи террористӣ аз Афғонистон қаламрави Ӯзбекистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст
2022-07-05T20:19+0500
2022-07-05T20:19+0500
2022-07-05T20:34+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
мушак
афғонистон
толибон
ҳамлаи террористӣ
марз
вух узбакистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102183/57/1021835701_0:86:2016:1220_1920x0_80_0_0_74d0858b35d383ece4ff3570115eee50.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Дар минтақаи марзии Ӯзбекистон таркиши панҷ мушак, ки эҳтимолан аз қаламрави Афғонистон партоб шудаанд, ба қайд шудааст, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон.Бояд гуфт, ҳангоми таркиши мушакҳо талафоти инсонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки айни ҳол мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон ҳамроҳ бо мақомоти Афғонистон барои муайян намудани сабаби ин ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд. Ёдрас менамоем, бори аввал 18 апрел чунин як ҳамлаи мушакӣ анҷом шуда буд, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Дар ҳамин ҳол як манбаи "Сангар" аз пулиси вилояти Балх ба "Sputnik Тоҷикистон" дар таъйиди ин хабар гуфт, ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷаратани рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи ин вилоят сурат гирифтааст. “Афроди ношинос мушак – ракетаҳоро дар як мошини навъи “Сузуки” насб карда, ба ҷониби Ӯзбекистон шашандохт кардаанд. Мошин пурра сӯхтааст. Афродаш фирор кардаанд. Ин маълумот ҳаст, ки мушакҳо ба шаҳри Тирмизи ҷониби Ӯзбекистон афтода, чанд нафарро ҳам захмӣ кардаанд. Аммо ин маълумот дақиқ нест”, - гуфт манбаъ.Бояд гуфт, ки то ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.
https://sputnik.tj/20220704/imzoi-shash-sanadi-hamkori-tojikistonu-uzbekiston-1049728901.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102183/57/1021835701_0:0:2016:1512_1920x0_80_0_0_eb70f21ac1c6522d5c52b4fa167288d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, ҳамлаи мушакӣ, афғонистон, хумпора, мақомот, тасдиқ
ӯзбекистон, ҳамлаи мушакӣ, афғонистон, хумпора, мақомот, тасдиқ
Оҷил: Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон
20:19 05.07.2022 (Навсозишуда: 20:34 05.07.2022) Як гурӯҳи террористӣ аз Афғонистон қаламрави Ӯзбекистонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Дар минтақаи марзии Ӯзбекистон таркиши панҷ мушак, ки эҳтимолан аз қаламрави Афғонистон партоб шудаанд, ба қайд шудааст, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон.
Бояд гуфт, ҳангоми таркиши мушакҳо талафоти инсонӣ ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, хумпораи панҷум дар майдони футбол афтидааст. Хумпораҳои кашфшуда аз тарафи минарубон безарар гардонида шудаанд", - иттилоъ додааст ВУХ-и Ӯзбекистон.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки айни ҳол мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон ҳамроҳ бо мақомоти Афғонистон барои муайян намудани сабаби ин ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ёдрас менамоем, бори аввал 18 апрел чунин як ҳамлаи мушакӣ анҷом шуда буд, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.
Дар ҳамин ҳол як манбаи "Сангар" аз пулиси вилояти Балх ба "Sputnik Тоҷикистон" дар таъйиди ин хабар гуфт, ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷаратани рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи ин вилоят сурат гирифтааст.
“Афроди ношинос мушак – ракетаҳоро дар як мошини навъи “Сузуки” насб карда, ба ҷониби Ӯзбекистон шашандохт кардаанд. Мошин пурра сӯхтааст. Афродаш фирор кардаанд. Ин маълумот ҳаст, ки мушакҳо ба шаҳри Тирмизи ҷониби Ӯзбекистон афтода, чанд нафарро ҳам захмӣ кардаанд. Аммо ин маълумот дақиқ нест”, - гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки то ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.