https://sputnik.tj/20220703/sanjish-qonun-huzur-muhojiron-rusiya-1049705625.html
Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия
Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони пулис қонунӣ будани будубош ва шуғли хориҷиёнро дар қаламрави Русия тафтиш карда, алайҳи қонуншиканҳо чораандешӣ мекунанд
2022-07-03T17:30+0500
2022-07-03T17:30+0500
2022-07-03T17:30+0500
амалиёт
муҳоҷират
дар русия
санҷиш
рейд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/15/1029491516_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_ce89c2e2efcc201cbc7c5f2d03cfd6cb.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои Русия рейдҳо дар ҷойҳои кор ва иқомати шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ омадаанд, идома доранд. Аз ҷумла дар вилояти Кострома назорат пурзур карда шудаст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоят, онҳо ҳоло дар доираи амалиёти пешгирикунандаи "Нелегал 2022" вайронкоронро ҷустуҷӯ доранд. Пулис қонунӣ будани вуруди муҳоҷирон ба кишвар, ҷалби онҳо ба кор ва ҳамчунин иҷозатномаҳоро тафтиш мекунад.Таъкид шудааст, ки аллакай дар маркази вилоят ва берун аз он аллакай зиёда аз 50 иншоот аз назар гузаронда шуд. Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда гунаҳкорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз рӯи далели қайди сохтакоронаи муҳоҷир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Таъкид гардидааст, ки тадбирҳо ҷиҳати санҷиши риояи қонун аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ идома доранд.Қаблан коршиносони Пажӯҳишгоҳи Гайдар пас аз таҳлили маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба хулосае омада буданд, ки сарфи назар аз паёмади таҳримҳо, ки шаҳрвандони хориҷӣ дучор мешаванд, тарки оммавии муҳоҷирон аз Русия ҷой надорад. Агар дар моҳи апрели соли 2022 каме хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда бошад, пас дар охири моҳи июн вазъ қариб ба ҳолати пешинааш баргашт. Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандие , ки дар қайди муҳоҷиратӣ сабт шудаанд, аз январ то майи соли ҷорӣ 6,6 млн нафарро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220702/charo-tojikiston-iiao-muhojir-1049682238.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/15/1029491516_83:0:1150:800_1920x0_80_0_0_6af180042df340585d813170581f500e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рейд, муҳоҷирон, ғайриқонунӣ, русия
рейд, муҳоҷирон, ғайриқонунӣ, русия
Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия
Кормандони пулис қонунӣ будани будубош ва шуғли хориҷиёнро дар қаламрави Русия тафтиш карда, алайҳи қонуншиканҳо чораандешӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои Русия рейдҳо дар ҷойҳои кор ва иқомати шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ омадаанд, идома доранд. Аз ҷумла дар вилояти Кострома назорат пурзур карда шудаст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоят, онҳо ҳоло дар доираи амалиёти пешгирикунандаи "Нелегал 2022" вайронкоронро ҷустуҷӯ доранд. Пулис қонунӣ будани вуруди муҳоҷирон ба кишвар, ҷалби онҳо ба кор ва ҳамчунин иҷозатномаҳоро тафтиш мекунад.
Таъкид шудааст, ки аллакай дар маркази вилоят ва берун аз он аллакай зиёда аз 50 иншоот аз назар гузаронда шуд.
"Дар натиҷа беш аз 140 қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки 58-тои онҳо мустақиман аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё корфармоёни онҳо содир шудааст", - иттилоъ дод дафтари матбуоти мақомоти дохилӣ.
Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда гунаҳкорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз рӯи далели қайди сохтакоронаи муҳоҷир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Таъкид гардидааст, ки тадбирҳо ҷиҳати санҷиши риояи қонун аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ идома доранд.
Қаблан коршиносони Пажӯҳишгоҳи Гайдар пас аз таҳлили маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба хулосае омада буданд, ки сарфи назар аз паёмади таҳримҳо, ки шаҳрвандони хориҷӣ дучор мешаванд, тарки оммавии муҳоҷирон аз Русия ҷой надорад.
Агар дар моҳи апрели соли 2022 каме хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда бошад, пас дар охири моҳи июн вазъ қариб ба ҳолати пешинааш баргашт.
Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандие , ки дар қайди муҳоҷиратӣ сабт шудаанд, аз январ то майи соли ҷорӣ 6,6 млн нафарро ташкил додааст.