https://sputnik.tj/20220706/metr-nafar-muboriza-khonaho-rezini-rusiya-1049794570.html
Дар 6 метр 1 нафар: пешниҳоди роҳи нави мубориза бо хонаҳои "резинӣ" дар Русия
Дар 6 метр 1 нафар: пешниҳоди роҳи нави мубориза бо хонаҳои "резинӣ" дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкили "хонаҳои резинӣ", сабти ном кардани беш аз як нафар дар шаш метри мураббаъ мамнуъ карда шавад
2022-07-06T17:15+0500
2022-07-06T17:15+0500
2022-07-06T18:32+0500
дар русия
муҳоҷират
қайд
сабт
ном
хона
тағйирот
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049786967_129:0:3770:2048_1920x0_80_0_0_e86dcefdfb7b83d4c3141e0adf631359.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мушкили хонаҳои "резинӣ"-ро дар Русия мехоҳанд, тавассути маҳдуд кардани шумораи одамони сабтшаванда ҳал карданд. Ба иттилоияи нашрияи "Известия" вакилон пешниҳод намудаанд, ки дар масоҳати муайян танҳо сабти теъдоди дақиқ иҷозат дода шавад. Ба гуфтаи Александр Якубовский, узви кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, муаллифони ин ташаббус пешниҳод кардаанд, ки сабти беш аз як нафар дар 6 метри мураббаъ манзил, агар пайванди хешӣ набошад, иҷозат дода нашаванд. Таъкид шудааст, ки ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ба қисмҳои хурди то ду сантиметри мураббаъ тақсим кардани манзилҳо дар кишвар зиёд шуда, қаллобон ва риэлторҳои сиёҳ ба соҳибони манзил пешниҳод мекунанд, ки ба маблағи ночиз шартномаҳои сохтаи ҳадя ва фурӯшро имзо кунанд.Вакил афзудаст, ки аллакай ба Вазорати корҳои дохилии Русия паём фиристодаанд, то назари ин ниҳодро дар бораи роҳандозии чунин маҳдудиятҳо бидонанд. Феълан тибқи қонунҳои Русия, соҳибмулкон метавонанд дар манзилҳои худ иҷорагирони дигарро сабти ном кунанд."Пеш аз ҳама, чунин шеваҳои кор барои дуздии маблағҳои буҷет - тавассути гирифтани ғайриқонунии кумакпулиҳою имтиёзҳо ва инчунин ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ истифода мешаванд", - гуфт Якубовский.Зикр шудаст, ки одатан бо даст ёфтан ба ҳиссае дар хонаҳои истиқоматӣ, соҳибмулкони нав аз таҳияи имтиёзоти иҷтимоӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20220706/muhojiron-tibb-roygon-rusiya-1049779185.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049786967_584:0:3315:2048_1920x0_80_0_0_1211d0bd1dac1d953b673fcd562bb69c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, усул, мубориза, роҳ, хона, резинӣ, русия
пешниҳод, усул, мубориза, роҳ, хона, резинӣ, русия
Дар 6 метр 1 нафар: пешниҳоди роҳи нави мубориза бо хонаҳои "резинӣ" дар Русия
17:15 06.07.2022 (Навсозишуда: 18:32 06.07.2022) Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкили "хонаҳои резинӣ" сабти иқомати беш аз як нафар дар шаш метри мураббаъ мамнуъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мушкили хонаҳои "резинӣ"-ро дар Русия мехоҳанд, тавассути маҳдуд кардани шумораи одамони сабтшаванда ҳал карданд. Ба иттилоияи нашрияи "Известия" вакилон пешниҳод намудаанд, ки дар масоҳати муайян танҳо сабти теъдоди дақиқ иҷозат дода шавад.
Ба гуфтаи Александр Якубовский, узви кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, муаллифони ин ташаббус пешниҳод кардаанд, ки сабти беш аз як нафар дар 6 метри мураббаъ манзил, агар пайванди хешӣ набошад, иҷозат дода нашаванд.
Таъкид шудааст, ки ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ба қисмҳои хурди то ду сантиметри мураббаъ тақсим кардани манзилҳо дар кишвар зиёд шуда, қаллобон ва риэлторҳои сиёҳ ба соҳибони манзил пешниҳод мекунанд, ки ба маблағи ночиз шартномаҳои сохтаи ҳадя ва фурӯшро имзо кунанд.
Вакил афзудаст, ки аллакай ба Вазорати корҳои дохилии Русия паём фиристодаанд, то назари ин ниҳодро дар бораи роҳандозии чунин маҳдудиятҳо бидонанд.
Феълан тибқи қонунҳои Русия, соҳибмулкон метавонанд дар манзилҳои худ иҷорагирони дигарро сабти ном кунанд.
"Пеш аз ҳама, чунин шеваҳои кор барои дуздии маблағҳои буҷет - тавассути гирифтани ғайриқонунии кумакпулиҳою имтиёзҳо ва инчунин ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ истифода мешаванд", - гуфт Якубовский.
Зикр шудаст, ки одатан бо даст ёфтан ба ҳиссае дар хонаҳои истиқоматӣ, соҳибмулкони нав аз таҳияи имтиёзоти иҷтимоӣ мешаванд.