https://sputnik.tj/20220706/istehsol-ord-tojikiston-kohish-1049782092.html
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷ моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ тамоюли норавшан мушоҳида мешавад: истеҳсол ва воридоти орд нисбат ба соли 2021 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст 06.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-06T11:58+0500
2022-07-06T11:58+0500
2022-07-06T13:46+0500
дар тоҷикистон
орд
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047249084_0:167:1920:1247_1920x0_80_0_0_175e5bbb5272719376fd98876b93d8eb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тавлиди орд дар панҷ моҳи аввали соли 2022 коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба маълумотҳои оморӣ хабар дод.Аз моҳи январ то майи соли равон дар кишвар беш аз 186,6 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Маълум шуд, ки чунин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 33,8% камтар мебошанд. Аксари орд аз гандуми воридотӣ тайёр карда мешавад, ки аз моҳи январ то майи соли 2022 хариди он 12,5% кам шудааст. Ба ин тартиб, ба Тоҷикистон беш аз 329,6 ҳазор тонна коло ба маблағи беш аз 102 миллион доллар оварда шудааст. Хадамоти гумруки кишвар таъкид кардааст, ки воридоти гандум на танҳо коҳиш ёфтааст, балки 10,8% боло рафтааст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ харид кардани орд аз давлатҳои хориҷ низ коҳиш ёфтааст. Воридоти он аз моҳи январ то майи соли 2022 8,3% коҳиш ёфта, 14,6% афзоиш ёфтааст.Бояд гуфт, ба Тоҷикистон асосан гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон врид мешавад. Қаблан бархе аз кишварҳо дар содироти гандум маҳдудият ҷорӣ карда буданд. Аз ҷумла, Белорус, Гурҷистон ва Ҳиндустон содироти гандумро маҳдуд карданд, ки дар натиҷа нархи орд дар ҷаҳон боло рафт.Ба ин тартиб, арзиши ин маҳсулот дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 20,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220620/voridot-ord-tojikiston-kohish-1049363838.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047249084_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_72ad8020d209ccc6e0cc4d0ae6295044.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон орд истеҳсол коҳиш
тоҷикистон орд истеҳсол коҳиш
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
11:58 06.07.2022 (Навсозишуда: 13:46 06.07.2022) Дар панҷ моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ тамоюли норавшан мушоҳида мешавад: истеҳсол ва воридоти орд нисбат ба соли 2021 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тавлиди орд дар панҷ моҳи аввали соли 2022 коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба маълумотҳои оморӣ хабар дод.
Аз моҳи январ то майи соли равон дар кишвар беш аз 186,6 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Маълум шуд, ки чунин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 33,8% камтар мебошанд.
Аксари орд аз гандуми воридотӣ тайёр карда мешавад, ки аз моҳи январ то майи соли 2022 хариди он 12,5% кам шудааст.
Ба ин тартиб, ба Тоҷикистон беш аз 329,6 ҳазор тонна коло ба маблағи беш аз 102 миллион доллар оварда шудааст.
Хадамоти гумруки кишвар таъкид кардааст, ки воридоти гандум на танҳо коҳиш ёфтааст, балки 10,8% боло рафтааст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ харид кардани орд аз давлатҳои хориҷ низ коҳиш ёфтааст. Воридоти он аз моҳи январ то майи соли 2022 8,3% коҳиш ёфта, 14,6% афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ба Тоҷикистон асосан гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон врид мешавад. Қаблан бархе аз кишварҳо дар содироти гандум маҳдудият ҷорӣ карда буданд. Аз ҷумла, Белорус, Гурҷистон ва Ҳиндустон содироти гандумро маҳдуд карданд, ки дар натиҷа нархи орд дар ҷаҳон боло рафт.
Ба ин тартиб, арзиши ин маҳсулот дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 20,2 дарсад афзоиш ёфтааст.