Воридоти орд ба Тоҷикистон якбора коҳиш ёфт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСклад муки
Склад муки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Воридоти орд ба Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ 12,5 фисад коҳиш ёфтааст, ки дар натиҷа ин вазъ ба якбора афзун шудани нархи орд мунҷар шудааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 12,5% коҳиши воридоти орд ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки кишвар.
Бар хабари манбаъ, дар панҷ моҳ ба Тоҷикистон беш аз 329,6 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии беш аз 102,2 миллион доллар ворид карда шуд. Дар ин замина афзоиши нарх 10,8 фоизро ташкил дод.
Воридоти ин маҳсулот низ аз рӯйи вазн 8,3 фоиз кам шуда, аз рӯйи арзиш 14,6 фоиз афзудааст.
Бояд қайд кард, ки гандум ва орд ба кишвар асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.
Ҳоло бисёре аз кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот маҳдудиятҳои содиротӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар натиҷа нархи орд дар саросари ҷаҳон боло рафтааст.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Дарави ғалла дар Суғд оғоз шуд: нархи орд арзон мешавад?
Ҳамакнун дар Тоҷикистон арзиши як халта орди 50 кг, навъи аввали тавлиди дохилӣ 385 сомонӣ (ҳудуди 35,3 доллар) аст.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол дар ҷумҳурӣ беш аз 186,6 ҳазор тонна орд (асосан аз ҳисоби коркарди гандуми воридотӣ) истеҳсол шудааст. Ин рақам беш аз 95,4 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2021 33,8% камтар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон арзиши маҳсулот хеле баланд шудаст: ҳам нархи озуқаворӣ ва ҳам маҳсулоти дигар гарон шудаанд.
Қазоқистон боз маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард
Дар ҳамин ҳол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои 5 моҳи соли равон 3,9 фоизро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0