https://sputnik.tj/20220706/garm-changolud-selkhez-hushdor-tojikiston-1049780770.html
Беш аз 40 дараҷа гарм, чанголуд ва селхезӣ: ҳушдори ҳавошиносони Тоҷикистон
Беш аз 40 дараҷа гарм, чанголуд ва селхезӣ: ҳушдори ҳавошиносони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро ҳавои беборишу гармии то беш аз 40 дараҷа фаро мегирад, чангу ғубор дар бархе ҷойҳо, аз ҷумла пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе боқӣ мемонад
2022-07-06T10:36+0500
2022-07-06T10:36+0500
2022-07-06T13:51+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
пирях
навоҳӣ
ноҳия
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/93/1026179374_0:52:2730:1588_1920x0_80_0_0_68489265cb12f085f9d6f361951e0de9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, ҳушдор додаст Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон. Хабаргузории "Ховар" аз қавли ин ниҳод овардааст, ки ҳаво дар ВМКБ , тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор буда, ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардаанд ҳавошиносон. Чангу ғубору гармӣ дар вилояти Хатлон низ боқӣ мемонад. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.Дар навоҳии тобеи марказ низ боришот дар назар нест, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар пешгӯии ҳавошиносон. Дар мавриди шаҳри Душанбе низ ҳавошиносон изҳор доштанд, ҳаво бебориш буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар маркази Тоҷикистон шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона аз 35 то 47 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220607/piryakh-kalontarini-tojikiston-1049005247.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/93/1026179374_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_6b80c3abb371bb656cd2869d6b8d6cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, ҳавошиносон, селхезӣ
ҳушдор, ҳавошиносон, селхезӣ
Беш аз 40 дараҷа гарм, чанголуд ва селхезӣ: ҳушдори ҳавошиносони Тоҷикистон
10:36 06.07.2022 (Навсозишуда: 13:51 06.07.2022) Тоҷикистонро ҳавои беборишу гармии то беш аз 40 дараҷа фаро мегирад, чангу ғубор дар бархе ҷойҳо, аз ҷумла пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, ҳушдор додаст Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли ин ниҳод овардааст, ки ҳаво дар ВМКБ , тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
"Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор буда, ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, таъкид кардаанд ҳавошиносон.
Чангу ғубору гармӣ дар вилояти Хатлон низ боқӣ мемонад. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеи марказ низ боришот дар назар нест, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар пешгӯии ҳавошиносон.
Дар мавриди шаҳри Душанбе низ ҳавошиносон изҳор доштанд, ҳаво бебориш буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар маркази Тоҷикистон шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона аз 35 то 47 дараҷа гарм мешавад.