https://sputnik.tj/20220607/piryakh-kalontarini-tojikiston-1049005247.html
Пиряхи калонтарини дунё дар Тоҷикистон хурд шудааст: Чӣ қадар?
Пиряхи калонтарини дунё дар Тоҷикистон хурд шудааст: Чӣ қадар?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, масоҳати калонтарин пирях дар куҳҳои Помир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
2022-06-07T18:45+0500
2022-06-07T18:45+0500
2022-06-07T20:31+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
пирях
пиряхи федченко
об
захира
гармшавии иқлим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101337/21/1013372178_0:463:2537:1890_1920x0_80_0_0_5a6dcc62399b6508c8d443e70020112c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард. Ӯ ин нуктаро зимни конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об изҳор дошта таъкид намуд, ки тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.Бар асоси "Донишномаи озод", Федченко калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби "Рекордҳои замин" ворид шудаст. Дарозияш ҳудуди 77 км, масоҳаташ беш аз 650 км мураббаъ, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноиюш ба ҳисоби миёна ҳудуди 1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, барои пажуҳиши пиряхҳо, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст."Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем", - илова намуд Раҳмон.Раисҷумҳур ҳамчунин аз талошҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ барои истодагарӣ дар баробари тағйирёбии иқлим гуфта, хотиррасон намуд, ки ахиран дар Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлим гузаронда шуд. "Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад", - зикр намуд Раҳмон.Дар баробари ин Тоҷикистон борҳо масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220607/bozdid-korshinoson-jahon-vmkb-1048989935.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101337/21/1013372178_0:145:2537:2048_1920x0_80_0_0_8a1a90882d4c7440327bf65a3d83f02b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирях, федченко, хурд
Пиряхи калонтарини дунё дар Тоҷикистон хурд шудааст: Чӣ қадар?
18:45 07.06.2022 (Навсозишуда: 20:31 07.06.2022) Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, калонтарин пирях дар кӯҳҳои Помир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.
Ӯ ин нуктаро зимни конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об изҳор дошта таъкид намуд, ки тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.
"Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст", - изҳор дошт Раҳмон.
Бар асоси "Донишномаи озод", Федченко калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби "Рекордҳои замин" ворид шудаст. Дарозияш ҳудуди 77 км, масоҳаташ беш аз 650 км мураббаъ, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноиюш ба ҳисоби миёна ҳудуди 1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, барои пажуҳиши пиряхҳо, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.
"Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем", - илова намуд Раҳмон.
Раисҷумҳур ҳамчунин аз талошҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ барои истодагарӣ дар баробари тағйирёбии иқлим гуфта, хотиррасон намуд, ки ахиран дар Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлим гузаронда шуд.
"Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад", - зикр намуд Раҳмон.
Дар баробари ин Тоҷикистон борҳо масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштааст.