Баргузории озмуни “Ҳунарманди сол” дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд дар бораи баргузории озмуни вилоятии “Ҳунарманди сол” эълон кард. Мақомот мегӯянд, шароити ширкат дар озмун маҳдуд нест
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон хабар додааст, ки озмуни вилоятии “Ҳунарманди сол” моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
“Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон моҳи сентябри соли 2022 озмуни вилоятии “Ҳунарманди сол” гузаронида мешавад”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки озмуни мазкур барои таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо дар мавриди амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025”, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гузаронида шуда, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят доир хоҳад шуд.
Помидоры в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Соҳибкорони ӯзбек дар Суғд гармхонаи миллиондолларӣ месозад
Манбаъ қайд кардааст, ки иштирок дар озмун маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти худ иштирок намоянд.
Ёдрас мешавем, ки ҳунармандони Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар намуданд.
Гурӯҳ ҳунармандони вилояти Суғд аз марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамчунин кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар намуданд.
Сафари занони ҳунарманд ба Ӯзбекистон барои иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба рушди атласу адрасбофӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0