https://sputnik.tj/20220701/sarmoyaguzori-sohibkor-uzbek-sughd-1049659262.html
Соҳибкорони ӯзбек дар Суғд гармхонаи миллиондолларӣ месозад
Соҳибкорони ӯзбек дар Суғд гармхонаи миллиондолларӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо соҳибкор аз Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ҷонибҳо азм доранд, ки ташкили корхонаҳои муштаракро бештар кунанд
2022-07-01T14:05+0500
2022-07-01T14:05+0500
2022-07-01T17:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
коргоҳ
ӯзбекистон
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/94/1030639441_0:200:3072:1928_1920x0_80_0_0_f245127d14aacc79949f37245d19d5e1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Соҳибкорони ӯзбек бо сармоягузории беш аз 1 млн доллар дар хоҷагии деҳқонии "Темурҷон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ месозанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзудааст, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор Назирҷон Қодиров баррасӣ шудаст. Зикр гардидааст, ки хоҷагии мазкур наздик 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.Аҳмадзода аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо истифода мекунанд.Ин дар ҳолест, ки қаблан аз иқдоми соҳибкорони тоҷику ӯзбек барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ, сайёҳӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра хабар дода шуд. Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ барои таҳкими ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад.Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд. Дар бахши бонкӣ бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд, зарур хонд вай.
https://sputnik.tj/20220531/uzbekiston-sharikon-tijorii-tojikiston-1048822235.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/94/1030639441_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_41fc6ca91c07091513e40c561e58af7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибкор, ӯзбек, суғд, гармхона
соҳибкор, ӯзбек, суғд, гармхона
Соҳибкорони ӯзбек дар Суғд гармхонаи миллиондолларӣ месозад
14:05 01.07.2022 (Навсозишуда: 17:30 01.07.2022) Раиси вилояти Суғд бо соҳибкорон аз Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ҷонибҳо азм доранд, ки ташкили корхонаҳои муштаракро бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Соҳибкорони ӯзбек бо сармоягузории беш аз 1 млн доллар дар хоҷагии деҳқонии "Темурҷон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ месозанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзудааст, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор Назирҷон Қодиров баррасӣ шудаст.
Зикр гардидааст, ки хоҷагии мазкур наздик 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.
Аҳмадзода аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо истифода мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз иқдоми соҳибкорони тоҷику ӯзбек барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ, сайёҳӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра хабар дода шуд.
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ барои таҳкими ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад.
Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд.
Дар бахши бонкӣ бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд, зарур хонд вай.