https://sputnik.tj/20220314/tojikiston-voridot-naqliyot-barqi-boj-ozod-1046774646.html
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои воридкунандагони нақлиёти барқӣ сабукӣ доданд
2022-03-14T13:10+0500
2022-03-14T13:10+0500
2022-03-14T14:47+0500
дар тоҷикистон
воридот
нақлиёт
парлумон
андоз
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102279/38/1022793841_0:163:3065:1887_1920x0_80_0_0_32c761e56326692e03215e19897a64bb.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карданданд, ки озод намудани воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқӣ ба кишварро пешбинӣ мекунад.Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод карда шуд.Инчунин бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод мешаванд.Қаблан Рафиқа Мусоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон гуфта буд, истифода аз онҳо ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи истифодаи дигар энергияҳои барқароршаванда изҳори назар карда буд.Тоҷикистон барои воридоти нақлиёти барқӣ аллакай талош мекунад.Қаблан намояндагони Қазоқистон аз таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба автомобилҳо, махсусан электромобилҳо иттилоъ дода, таъкид намуда буданд, ки аллакай аз як ширкати мусофирбарии Тоҷикистон барои интиқоли электромобилҳо ба кишвар фармоиш гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20180812/1026425556.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102279/38/1022793841_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_79c3db51e3401c551f30dfb3418d451a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон воридот нақлиёт барқӣ боҷ озод
тоҷикистон воридот нақлиёт барқӣ боҷ озод
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
13:10 14.03.2022 (Навсозишуда: 14:47 14.03.2022) Дар Тоҷикистон ба воридкунандагони нақлиёти барқӣ сабукӣ доданд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карданданд, ки озод намудани воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқӣ ба кишварро пешбинӣ мекунад.
Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Инчунин бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод мешаванд.
Қаблан Рафиқа Мусоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон гуфта буд, истифода аз онҳо ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи истифодаи дигар энергияҳои барқароршаванда изҳори назар карда буд.
Тоҷикистон барои воридоти нақлиёти барқӣ аллакай талош мекунад.
Қаблан намояндагони Қазоқистон аз таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба автомобилҳо, махсусан электромобилҳо иттилоъ дода, таъкид намуда буданд, ки аллакай аз як ширкати мусофирбарии Тоҷикистон барои интиқоли электромобилҳо ба кишвар фармоиш гирифтаанд.