https://sputnik.tj/20220705/turkiya-gunahkor-nizo-ukraina-paydo-1049759743.html
Дар Туркия гунаҳкори асосии низоъ дар Украинаро ошкор карданд
Дар Туркия гунаҳкори асосии низоъ дар Украинаро ошкор карданд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи "Cumhuriyet"-и Туркия менависад, ки амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина ин посухи Федератсияи Русия ба тавсеаи НАТО буд 05.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-05T16:20+0500
2022-07-05T16:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
амрико
туркия
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_0:145:1921:1225_1920x0_80_0_0_e0d8c4d4b01e1b09129ed077073e1f8b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина посух ба сиёсати васеъкунии таҷовузкорона буд, менависад рӯзномаи туркии "Cumhuriyet". Манбаъ меафзояд, иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ ба ҷуз аз дастгоҳи низомии ҳукмронии Вашингтон бар Аврупо чизи дигаре нест.Нашрия афзудааст, "бӯҳрони Украина сабаб набуд, балки танҳо як катализатор барои пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО буд, зеро стратегияи ин блок комилан ба манфиати Вашингтон аст". Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст. Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220628/peskov-amaliyot-vizha-rusiya-ukraina-anjom-1049573473.html
амрико
туркия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/49/1028114926_121:0:1784:1247_1920x0_80_0_0_4d2965cca1cbcea21e815ca64126ce16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, туркия, сиёсат , украина
дар ҷаҳон, амрико, туркия, сиёсат , украина
Дар Туркия гунаҳкори асосии низоъ дар Украинаро ошкор карданд
16:20 05.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Рӯзномаи "Cumhuriyet"-и Туркия менависад, ки амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина ин посухи Федератсияи Русия ба тавсеаи НАТО буд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина посух ба сиёсати васеъкунии таҷовузкорона буд, менависад рӯзномаи туркии "Cumhuriyet".
"Иёлоти Муттаҳида дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки Русияро аз қисмати ғарбии уқёнуси Арктика, Балтика ва Баҳри Сиёҳ берун кунад ва ҳамчунин мавқеи Чинро дар минтақаи Осиё танк кунад. Бар асоси ин ҳисобҳо, як стратегияи бузург таҳия шудааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ ба ҷуз аз дастгоҳи низомии ҳукмронии Вашингтон бар Аврупо чизи дигаре нест.
Нашрия афзудааст, "бӯҳрони Украина сабаб набуд, балки танҳо як катализатор барои пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО буд, зеро стратегияи ин блок комилан ба манфиати Вашингтон аст".
Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст.
Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.