Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков гуфт, кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки амалиёти вижа дар Украина тибқи нақша ҷараён дорад ва он ба ҳадафҳои худ мерасад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Мақомоти Украина метавонанд, то охири рӯз амалиёти низомиро қатъ кунанд, изҳор дошт сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков ба РИА "Новости".
Ба таъкиди ӯ, барои ин кор танҳо амр додан лозим аст, ки низомиён силоҳи худро ба замин гузоранд ва ҳамчунин шартҳои Маскав иҷро шаванд.
Сухангӯи Кремл инчунин ҳарфҳои кишвардори Украина, Владимир Зеленский ба роҳбарони G7 шарҳ дод. Президенти Украина гуфта буд, ки мехоҳад то фарорасии зимистон амалиёти низомӣ дар ин кишвар анҷом ёбад.

"Ҷониби Украина метавонад ҳама чизро то охири рӯз боздорад: барои ин ба воҳидҳои миллатгаро ва низомиёни украинӣ бояд дастур дода шавад, ки силоҳҳои худро гузоранд ва шартҳои Русия иҷро кунанд", - таъкид намуд Песков.

Сухангӯ таъкид кард, ки амалиёти вижаи низомии Русия тибқи нақша ҷараён дорад ва то расидан ба ҳадафҳо он идома меёбад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Чин гуфтанд, ки НАТО наметавонад садди роҳи Русия шавад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0