Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шойгу гуфт, силоҳҳое, ки Ғарб ба Украина медиҳад, дар ниҳоят куҷо мешаванд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУчения НАТО в Грузии:155 мм M777
Учения НАТО в Грузии:155 мм M777  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Вазири дифои Русия гуфт, аслиҳае, ки аз аксари кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол меёбад, ба давлатҳои Ховари Миёна ва бозори сиёҳ меравад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу дар як нишаст гуфт, бархе аз силоҳҳои хориҷие, ки Ғарб ба Украина интиқол медиҳад, дар Ховари Миёна ва ҳамчунин дар бозори сиёҳ ҷамъ мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" гузориш медиҳад.
"Тибқи маълумоти мавҷуда, қисме аз силоҳҳои хориҷие, ки Ғарб ба Украина интиқол медиҳад, дар тамоми минтақаи Ховари Миёна паҳн шуда, дар бозори сиёҳ низ ба охир мерасад", - гуфт Шойгу.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорати дифои Русия, кишварҳои ғарбӣ ба Украина беш аз 28 ҳазор тонна бори низомӣ интиқол додаанд.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки ҳомили силоҳ барои Украина аст, "ҳадафи қонунӣ" барои Русия мешавад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина бо Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Донбасс боз қалби Русия хоҳад шуд
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0