https://sputnik.tj/20220705/shoygu-naqsha-amaliyot-makhsus-amali-1049755398.html
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, амалиёти вижа дар қаламрави Украина бо иҷрои гардидани ҳамаи вазифаҳо анҷом хоҳад ёфт
2022-07-05T14:35+0500
2022-07-05T14:35+0500
2022-07-05T18:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей шойгу
украина
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_0:0:2627:1478_1920x0_80_0_0_4486e2419926381a0ac424ee8c891047.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина бо иҷрои комили ҳама вазифа ба анҷом мерасад, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар як нишаст дар Маскав.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло авлавият ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии низомиёну аҳолии осоишта дода мешавад.Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
https://sputnik.tj/20220704/shoygu-putin-mintaqa-video-1049733866.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_187:0:2416:1672_1920x0_80_0_0_4ccef141c1ba7c350921992ce2d0430b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу амалиёти махсус украина русия
шойгу амалиёти махсус украина русия
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
14:35 05.07.2022 (Навсозишуда: 18:11 05.07.2022) Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, амалиёти вижа дар қаламрави Украина бо иҷроӣ гардидани ҳамаи вазифаҳо анҷом хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Амалиёти вижа дар Украина бо иҷрои комили ҳама вазифа ба анҷом мерасад, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар як нишаст дар Маскав.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло авлавият ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии низомиёну аҳолии осоишта дода мешавад.
"Имрӯз барои мо авлавиятҳои асосӣ ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандони зертобеъ, рафъи таҳдид ба амнияти аҳолии осоишта мебошанд. Амалиёти махсуси низомӣ то пурра иҷро шудани вазифаҳои ба миён гузоштаи фармондеҳи олӣ идома хоҳад ёфт", - гуфт Шойгу.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.