Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сарбозони Русия ҷузъиёти даҳшатноки асорат дар Украинаро ошкор карданд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкСотрудники Росгвардии в Херсонской области
Сотрудники Росгвардии в Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия чанд ҳодисаи даҳшатнок аз асорати сарбозони рус дар Украинаро нашр кардааст. Ин саргузаштҳо баёнгари ваҳшониятанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сарбозони Русия ҷузъиёти дар асорати Украина буданашонро нақл карданд. Нақлҳои сарбозонро хадамоти матбуотии Кумитаи тафтишоти Русия ошкор кард.
Ҳамин тавр, дар ҷанги 15-соата лавозимоти ҷангии яке аз хизматчиёни ҳарбӣ тамом шудааст ва ӯ ба асорат афтодааст. Чашмон ва дастони ӯро баста, баъд ба Харков бурданд.
Кормандони Хадамоти амнияти Украина сарбози русро бо калтакҳо шадидан лату кӯб кардаанд, дар ҳоле ки ба рӯи ӯ даст нарасондаанд, то дар доғҳои латхӯрда намонад.
Ба гуфтаи ин сарбоз, онҳо талош кардаанд ӯро буғӣ кунанд ва таҳдид кардаанд, ки агар матни омодашударо дар назди камера нахонад, ӯро мепарронанд.
Як сарбози дигар бо захми пой ба дасти украиниҳо афтод.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу итминон дод, ки тамоми нақшаҳои амалиёти махсус амалӣ мешаванд
Ба вай бе наркоз ёрии тиббӣ расонда, мардро бо барқ лату кӯб ва шиканҷа кардаанд.
Якҷоя бо се сарбози дигар ӯ ба таҳхона афтода, ба болои ӯ об рехтааанд, муддати тӯлонӣ лату кӯб карда, 4 рӯз бе обу ғизо мондаанд.
Пеш аз ба назди пизишк бурдан, аз ӯ талаб кардаанд, ки шиорҳои тарғиботӣ бигӯяд, вагарна кумаки тиббиро намебинад.
Як сарбози дигар бо ду захм асир шудааст. Табибони украинӣ пои ӯро буридаанд. Муроҷиат ба беморхона тоқатнопазир будааст: духтур ба захмҳо такя карда, аз дард печидани беморро мушоҳида мекард ва дар ин миён ӯро ҳамчунин лату кӯб мекарданд.
Эҳтимоли асорати 200 сокини осоишта дар "Азовстал"
Кумитаи тафтишот қайд кард, ки ба ҳар як парванда коршиносон баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Бар асоси натиҷаҳо масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳал хоҳад шуд.
Саргузаштҳои низомиёни рус нишон медиҳанд, ки онҳо дар Украина талаботи Конвенсияи Женева дар бораи бархӯрд бо асирони ҷангиро, ки бераҳмӣ, лату кӯб ва шиканҷа манъ мекунад, нақз мекунанд, хулоса карданд дар Кумитаи тафтишотии Русия.
Лентаи хабарҳо
0