Беморхонаҳои Хатлон соҳиби мошини нави ёрии таъҷилӣ шуданд

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонМошинҳои ёрии таъҷилӣ барои навоҳии вилояти Хатлон
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои навоҳии вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар чорчӯби лоиҳаи "Беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон" тақдим шудаанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба чаҳор навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд 9 адад мошини "Ёрии таъҷилӣ" дода шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими расмии супоридани нақлиётҳои мазкур, рӯзи сешанбе дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Вазорати тандурустӣ ва шарикони рушд баргузор шудааст.
Қайд гардидааст, ки ҳукумат соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.
Хатлон соҳиби 15 мошини ёрии таъҷилӣ шуд
Зикр шудааст, ки дастрас гардидани нақлиётҳои мазкур ба ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи "Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон" баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон мусоидат хоҳанд кард.
"Нақлиёти мазкур бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои расонидани ёрии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхонаҳои марказии минтақаҳои Норак, Данғара, Балҷувон ва Ховалинг интиқол дода мешаванд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, ба навоҳии болозикр 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи "Мерседес Бенс" "Спринтер" ва "Тойота ланд крузер" тақдим карда шуд.
Дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи вирусшиносӣ ифтитоҳ шуд
Манбаъ афзуда, ки ин иқдом, бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосатан ёрии аввалияи тиббӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0