https://sputnik.tj/20220705/inhidom-havopaymo-jangii-ukraina-1049757804.html
Инҳидоми 1451 паҳподу 134 чархболи артиши Украина
Инҳидоми 1451 паҳподу 134 чархболи артиши Украина
Sputnik Тоҷикистон
Дар идомаи амалиёти вижаи низомии Русия дар хоки Украина 231 ҳавопаймои ҷангӣ ва 1451 паҳподи мухталифи ин кишвар нобуд шуд
2022-07-05T15:20+0500
2022-07-05T15:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
вазорати дифои русия
ҳавопаймои ҷангӣ
паҳпод
нобуд кардан
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/11/1013451145_0:0:801:451_1920x0_80_0_0_a4002b0a9e2e0307fba36f5dcf503cb8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар хоки Украина артиш ҳудуди 8 ҳазор мошин ва зиреҳпӯшро нобуд карда аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.“Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ин миқдори таҷҳизоти низомӣ нобуд карда шуд: 231 ҳавопаймо, 134 чархбол, 1451 паҳпод, 353 сомонаи зиддиҳавоӣ, 3910 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 716 адад рокетандози чандгона, 3092 тӯпу миномётхои саҳроӣ, инчунин 4016 адад мошинҳои махсуси низомӣ”, - иттилоъ додаст вазорати дифои Русия.Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
https://sputnik.tj/20220704/barnomai-bozsozii-ukraina-milliard-arzyobi-1049743680.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/11/1013451145_67:0:668:451_1920x0_80_0_0_9b95fa82a9d1df9120386a671289ffbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, артиш,мунҳадим, ҳавопаймо,ҳавопаймои ҷангӣ, паҳпод
украина, русия, артиш,мунҳадим, ҳавопаймо,ҳавопаймои ҷангӣ, паҳпод
Инҳидоми 1451 паҳподу 134 чархболи артиши Украина
15:20 05.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар идомаи амалиёти вижаи низомии Русия дар хоки Украина 231 ҳавопаймои ҷангӣ ва 1451 паҳподи мухталифи ин кишвар нобуд шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар хоки Украина артиш ҳудуди 8 ҳазор мошин ва зиреҳпӯшро нобуд карда аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ин миқдори таҷҳизоти низомӣ нобуд карда шуд: 231 ҳавопаймо, 134 чархбол, 1451 паҳпод, 353 сомонаи зиддиҳавоӣ, 3910 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 716 адад рокетандози чандгона, 3092 тӯпу миномётхои саҳроӣ, инчунин 4016 адад мошинҳои махсуси низомӣ”, - иттилоъ додаст вазорати дифои Русия.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.