https://sputnik.tj/20220704/barnomai-bozsozii-ukraina-milliard-arzyobi-1049743680.html
Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд
Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Украина ахиран дар як конфронси байналмилалие эълон кардааст, ки барномаи бозсозии кишвар 750 миллиард долларро ташкил хоҳад дод
2022-07-04T21:00+0500
2022-07-04T21:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
нақша
бозсозӣ
миллиард
сарвазир
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047683290_0:152:3099:1895_1920x0_80_0_0_16072f3e742f6b60825fc14dd541d6e3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Денис Шмигал, сарвазири Украина гуфт, ки барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва ба назари ӯ, манбаи асосӣ бояд дороиҳои мунҷамидшудаи Русия бошад."Нақшаи бозсозӣ, ки аллакай 750 миллиард доллар тахмин зада мешавад, онро кӣ бояд пардохт кунад? Мо бар ин назарем, ки манбаи асосии бозсозӣ бояд аз ҳисоби дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ва олигархҳои ин кишвар сурат бигирад. Тибқи ҳисобҳои гуногун, дороиҳои мунҷамидшудаи Русия аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад. Баъзе кишварҳо аллакай раванди на танҳо масдуд, балки мусодираи ин дороиҳоро низ оғоз кардаанд", - гуфт Шмигал дар як паёми видеоие дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди бозсозии Украина дар Лугано.Ба гуфтаи ӯ, манобеъи дигари бозсозии кишвар ин грантҳо ва қарзҳои боимтиёз аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, сармоягузорӣ ва ҳамчунин буҷаи кишвар хоҳад буд.Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.
https://sputnik.tj/20220703/vao-vaz-dar-ukraina-nato-ro-ba-se-lager-taqsim-kard-1049697327.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047683290_185:0:2914:2047_1920x0_80_0_0_b74585dbf836243f978e9d0f28fb6b95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, бозсозӣ, миллиард, сарвазир, барнома
украина, русия, бозсозӣ, миллиард, сарвазир, барнома
Барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ шуд
21:00 04.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Сарвазири Украина ахиран дар як конфронси байналмилалие эълон кардааст, ки барномаи бозсозии ин кишвар 750 миллиард долларро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Денис Шмигал, сарвазири Украина гуфт, ки барномаи бозсозии Украина 750 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва ба назари ӯ, манбаи асосӣ бояд дороиҳои мунҷамидшудаи Русия бошад.
"Нақшаи бозсозӣ, ки аллакай 750 миллиард доллар тахмин зада мешавад, онро кӣ бояд пардохт кунад? Мо бар ин назарем, ки манбаи асосии бозсозӣ бояд аз ҳисоби дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ва олигархҳои ин кишвар сурат бигирад. Тибқи ҳисобҳои гуногун, дороиҳои мунҷамидшудаи Русия аз 300 то 500 миллиард долларро ташкил медиҳад. Баъзе кишварҳо аллакай раванди на танҳо масдуд, балки мусодираи ин дороиҳоро низ оғоз кардаанд", - гуфт Шмигал дар як паёми видеоие дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди бозсозии Украина дар Лугано.
Ба гуфтаи ӯ, манобеъи дигари бозсозии кишвар ин грантҳо ва қарзҳои боимтиёз аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, сармоягузорӣ ва ҳамчунин буҷаи кишвар хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.