Арзиши доллару евро дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: бо рубл чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон мавқеи пули миллӣ устувортар мегардад. Суръати коҳиши арзиши пули амрикоӣ, аврупоӣ ва русӣ бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ боз каме коҳиш ёфтааст.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши рӯзи душанбе бетағйир, 176,5 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ дар кишвар барои 1000 рубл 176,9 сомонӣ медоданд.
Бозори пули амрикоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро дигарбора аз даст медиҳад. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 10.51 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10.45 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 10.92 сомонӣ барои як доллар муқаррар кардааст.Як рӯз қабл дар кишвар он 10.92 сомонӣ қимат дошт.
Долларовая купюра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Мақомоти Русия қурби мусоиди долларро барои кишвар гуфтанд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 168 сомонӣ ва зимни фурӯш 170 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 176,5 ва дар фурӯш 178,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 176,5 сомонӣ мехараду ба ивази 178 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 176,5 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0