https://sputnik.tj/20220704/nigaroni-shirkat-barqrason-qarz-khatlon-bokhtar-1049742663.html
Нигаронии ширкати барқрасон аз афзоиши қарзи истифодаи барқ дар Хатлону Бохтар
Нигаронии ширкати барқрасон аз афзоиши қарзи истифодаи барқ дар Хатлону Бохтар
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар аз афзоиши қарзи ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар нигаронанад
2022-07-04T21:30+0500
2022-07-04T21:30+0500
2022-07-04T21:30+0500
дар тоҷикистон
хатлон
бохтар
барқ
қарзҳо
мақомот
ширкат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_0:199:1920:1279_1920x0_80_0_0_506da7de1e5ad8e6f3b8cd83c340476d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар иддао доранд, ки ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар аз ширкат 126 миллион 563 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Ба иттилои манбаъ, ин вазъ масъулони ин ниҳодро нигарон кардааст.Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, таъкид кардаанж, ки қарзи барқ ба ҷойи кам шудан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 4 миллиону 119 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.Масъулини ин ширкат иттилоъ додаанд, ки ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон 525 ҳазору 459 сомонӣ ва ҳукумати шаҳри Бохтар 466 ҳазор сомонӣ, бахши фарҳанги шаҳр 258 ҳазор сомонӣ, Раёсати андози вилоят 50 ҳазор сомонӣ, беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи Буррӣ Воҳидов 748 ҳазор сомонӣ, театри шаҳр 64 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳри Бохтар 123 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаву ташкилотҳои дигар дар назди шабакаҳои барқи шаҳр қарзҳои ҳангуфт доранд.Ширкати мазкур аз он нигаронанд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қарзи ҳукумати вилоят 118 ҳазор сомонӣ ва аз ҳукумати шаҳри Бохтар 52 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Фараж”, як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар қайд кардааст, ки омили зиёд шудани қарзи барқ дар ҳукумати шаҳр ин маблағгузории нокифоя аз буҷети шаҳр мебошад.
https://sputnik.tj/20220616/tojikiston-barq-million-daromad-1049233180.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_215:0:1920:1279_1920x0_80_0_0_7b96a221c924e4aeba306ac2e3e0156c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, бохтар, қарз, барқ, нигаронӣ, ширкат, абакаҳои барқи шаҳри бохтар
тоҷикистон, хатлон, бохтар, қарз, барқ, нигаронӣ, ширкат, абакаҳои барқи шаҳри бохтар
Нигаронии ширкати барқрасон аз афзоиши қарзи истифодаи барқ дар Хатлону Бохтар
Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар аз афзоиши қарзи ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар нигаронанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Масъулони Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар иддао доранд, ки ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва ҳатто ҳукумати шаҳри Бохтар аз ширкат 126 миллион 563 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, ин вазъ масъулони ин ниҳодро нигарон кардааст.
Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, таъкид кардаанж, ки қарзи барқ ба ҷойи кам шудан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 4 миллиону 119 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
“Аз 126 миллиону 563 ҳазор қарзи барқ бештар аз 47 миллиону 619 ҳазораш аз аҳолӣ, 34 миллиону 847 ҳазораш аз ташкилоту идораҳои буҷетиву коммуналӣ ва боқӣ аз дигар муштариён аст”, – хабар додааст яке аз кормандони ин ширкати барқӣ.
Масъулини ин ширкат иттилоъ додаанд, ки ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон 525 ҳазору 459 сомонӣ ва ҳукумати шаҳри Бохтар 466 ҳазор сомонӣ, бахши фарҳанги шаҳр 258 ҳазор сомонӣ, Раёсати андози вилоят 50 ҳазор сомонӣ, беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи Буррӣ Воҳидов 748 ҳазор сомонӣ, театри шаҳр 64 ҳазор сомонӣ, Маркази саломатии шаҳри Бохтар 123 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд даҳҳо корхонаву ташкилотҳои дигар дар назди шабакаҳои барқи шаҳр қарзҳои ҳангуфт доранд.
Ширкати мазкур аз он нигаронанд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қарзи ҳукумати вилоят 118 ҳазор сомонӣ ва аз ҳукумати шаҳри Бохтар 52 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Фараж”, як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар қайд кардааст, ки омили зиёд шудани қарзи барқ дар ҳукумати шаҳр ин маблағгузории нокифоя аз буҷети шаҳр мебошад.