https://sputnik.tj/20220704/neru-lugansk-ozodsozi-donetsk-1049741350.html
Нерӯҳои Луганск ба озодсозии Донетск пардохтаанд
Нерӯҳои Луганск ба озодсозии Донетск пардохтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Луганск баъди озодсозии минтақаи худ, ба таъқиби рақиб дар қаламрави ҷумҳурии халқии Донбасс пардохтаанд
2022-07-04T20:00+0500
2022-07-04T20:00+0500
2022-07-04T20:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
донбасс
амалиёт
низомӣ
амният ва мудофиа
луганск
сергей шойгу
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101419/94/1014199458_0:0:3168:1782_1920x0_80_0_0_4f3898c8516b1224daa1bffa23528400.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Нерӯҳои Луганск дар ноҳияи Северски ҷумҳурии Донетск амалиёт гузаронда истодаанд, хабар дод подполковник Андрей Марочко, подполковники Милисаи мардумии ҶҲЛ ба РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, нерӯҳое, ки аз Лисичанск ақибнишинӣ кардаанд, ба ноҳияи Северски Донетск рафтаанд. Вай таъкид намуд, ки барои таъмини амнияти комили шаҳрвандон нерӯҳои рақиб бояд то фосилаи муайян аз марзи ҶХЛ ақиб партофта шавад. "Табиист, ки бо нерӯҳои Русия ва Донетск мо амалиёти озодисозии Донбассро идома хоҳем дод. Нерӯҳои Украина аз Лисичанск ба Северск ақибнишинӣ карданд ва мо он ҷо амалиёт гузаронда истодаем", - гуфт Марочко. Ин дар ҳолест, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба сарфармондеҳ, Владимир Путин ҳисобот дод, ки амалиёти ҳамлаии муштарак барои озодсозии Луганск аз 19 июн то 3 июли соли равон бомуваффақият анҷом ёфт.Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт. Вазири мудофиа гуфт, тайи ин муддат ҳудуди 25 минтақаи аҳолинишин озод карда шуданд.Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд. Зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд, изҳор дошт Путин.Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.
https://sputnik.tj/20220704/sergey-shoygu-sherali-mirzo-zang-1049739173.html
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101419/94/1014199458_415:0:3146:2048_1920x0_80_0_0_79907ffde5561c1e7e83800d3c1536bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, нерӯ, луганск, донетск
амалиёт, нерӯ, луганск, донетск
Нерӯҳои Луганск ба озодсозии Донетск пардохтаанд
20:00 04.07.2022 (Навсозишуда: 20:32 04.07.2022) Бархе аз нерӯҳои Луганск баъди озодсозии минтақаи худ ба таъқиби рақиб дар қаламрави Ҷумҳурии Халқии Донбасс пардохтаанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Нерӯҳои Луганск дар ноҳияи Северски ҷумҳурии Донетск амалиёт гузаронда истодаанд, хабар дод подполковник Андрей Марочко, подполковники Милисаи мардумии ҶҲЛ ба РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳое, ки аз Лисичанск ақибнишинӣ кардаанд, ба ноҳияи Северски Донетск рафтаанд.
"Сарфи назар аз муваффақияту пирӯзиҳои муштарак бо нерӯҳои Русия, воҳидҳои Милисаи мардумии ҶХЛ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳудуди ҷумҳурии Донетск машғуланд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки барои таъмини амнияти комили шаҳрвандон нерӯҳои рақиб бояд то фосилаи муайян аз марзи ҶХЛ ақиб партофта шавад.
"Табиист, ки бо нерӯҳои Русия ва Донетск мо амалиёти озодисозии Донбассро идома хоҳем дод. Нерӯҳои Украина аз Лисичанск ба Северск ақибнишинӣ карданд ва мо он ҷо амалиёт гузаронда истодаем", - гуфт Марочко.
Ин дар ҳолест, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба сарфармондеҳ, Владимир Путин ҳисобот дод, ки амалиёти ҳамлаии муштарак барои озодсозии Луганск аз 19 июн то 3 июли соли равон бомуваффақият анҷом ёфт.
Ба гуфтаи Шойгу, зимни амалиёти озодсозии Луганск нерӯҳои украинӣ ба муҳосира ва безарар гардонда шуда, бо гирифтани шаҳри Лисичанск озодсозии ҶХЛ поён ёфт. Вазири мудофиа гуфт, тайи ин муддат ҳудуди 25 минтақаи аҳолинишин озод карда шуданд.
Путин дар пайи шунидани гузориши Шойгу гуфт, воҳидҳое, ки фаъолона дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданду муваффақ шуданд, пирӯзиро дар самти Луганск ба даст оварданд, бидуни шак бояд истироҳат кунанд. Зарфияти ҷангияшонро бештар намоянд, изҳор дошт Путин.
Дар зимн вай барои сохтору воҳидҳои дигари низомӣ, аз ҷумла "Восток" ва "Запад" муҳим хонд, ки ҳадафҳои гузошташударо тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда иҷро кунанд.