https://sputnik.tj/20220704/muhaqqiq-gani-nato-amriko-raisjumhur-intikhob-1049731600.html
Муҳаққиқ: Ғанӣ бо зӯри НАТО ва Амрико ду бор ба унвони раисҷумҳур интихоб шуд
Муҳаққиқ: Ғанӣ бо зӯри НАТО ва Амрико ду бор ба унвони раисҷумҳур интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон таъкид дорад, ки Амрико ду бор Ашраф Ғаниро тавассути интихоботи қалбакӣ раисҷумҳур кард
2022-07-04T17:55+0500
2022-07-04T17:55+0500
2022-07-04T17:55+0500
афғонистон
ашраф ғанӣ
интихобот
қалбакӣ
муҳаққиқ
раисҷумҳур
нато
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/17/1042464348_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_178a96691fa2ffc049014665cfd7f532.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба “Kobul news” гуфтааст, ки интихоби доктор Ғанӣ қалбакӣ ва сохта буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.“Мо онро қабул надоштем, агар интихобот воқеъӣ мебуд мо бурда будем”,- вай гуфт.Ӯ афзуд, ки генерали амрикоӣ Милер, фармондиҳи собиқи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, сафири Амрико дар Кобул ва созмони “Сиё”, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва атрофиёнашро таҳдид мекарданд агар Ашрафи Ғаниро напазиранд алайҳи онон амалиёти Низомӣ анҷом хоҳанд ёфт.Муҳаққиқ афзудааст, ки раисҷумҳури фирорӣ, Ашраф Ғанӣ дар замони ҳокимияташ амалҳоеро анҷом медод, ки ҳама медонистанд Афғонистонро ба сӯйи нобуди савқ медиҳад.Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.
https://sputnik.tj/20220624/shaygu-vaziyat-dar-afghoniston-bad-meshavad-1049471185.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/17/1042464348_40:0:761:541_1920x0_80_0_0_01eb4ff0ccb3a0d1aee9e18a446eeb33.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ашраф ғанӣ, раисҷумҳу, интихобот, қалбакӣ, муҳаққиқ
афғонистон, ашраф ғанӣ, раисҷумҳу, интихобот, қалбакӣ, муҳаққиқ
Муҳаққиқ: Ғанӣ бо зӯри НАТО ва Амрико ду бор ба унвони раисҷумҳур интихоб шуд
Раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон таъкид дорад, ки Амрико ду бор Ашраф Ғаниро тавассути интихоботи қалбакӣ раисҷумҳур кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба “Kobul news” гуфтааст, ки интихоби доктор Ғанӣ қалбакӣ ва сохта буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Мо онро қабул надоштем, агар интихобот воқеъӣ мебуд мо бурда будем”,- вай гуфт.
Ӯ афзуд, ки генерали амрикоӣ Милер, фармондиҳи собиқи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон, сафири Амрико дар Кобул ва созмони “Сиё”, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва атрофиёнашро таҳдид мекарданд агар Ашрафи Ғаниро напазиранд алайҳи онон амалиёти Низомӣ анҷом хоҳанд ёфт.
Муҳаққиқ афзудааст, ки раисҷумҳури фирорӣ, Ашраф Ғанӣ дар замони ҳокимияташ амалҳоеро анҷом медод, ки ҳама медонистанд Афғонистонро ба сӯйи нобуди савқ медиҳад.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.