https://sputnik.tj/20220704/dushanbe-riyoz-mashvarat-siyosi-1049718163.html
Душанбе ва Риёз машваратҳои сиёсӣ баргузор мекунанд
Душанбе ва Риёз машваратҳои сиёсӣ баргузор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Омодагиҳо ба даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Душанбе ва Риёзро сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомдорони ин кишвар баррасӣ намуд
2022-07-04T12:42+0500
2022-07-04T12:42+0500
2022-07-04T12:42+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
мулоқот
ҳамкорӣ
машварат
сиёсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/04/1049717279_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_97d187d932a9deb32290589e9199d5c7.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз, бо Валид Ал-Хурайҷӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Арабистони Саудӣ аз масоили меҳварии мулоқоти Каримӣ бо Ал-Хурайҷӣ буданд. "Дар ин росто, баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2022 муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ахиран азмашонро барои ташкили корхонаҳои муштарак баён доштанд. Аз ҷумла имзои созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар назар аст. Тарҳи он ахиран зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баррасӣ гардид. Дар доираи тавофуқот аз ҷумла таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева, асал ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220629/tojikiston-saudi-parvoz-mustaqim-1049602553.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/04/1049717279_29:0:1096:800_1920x0_80_0_0_da30c7e326d59259d9a64e997e90f615.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машварат, сиёсӣ, тоҷикистон, арабистони саудӣ
машварат, сиёсӣ, тоҷикистон, арабистони саудӣ
Душанбе ва Риёз машваратҳои сиёсӣ баргузор мекунанд
Омодагиҳо ба даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Душанбе ва Риёзро сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомдорони ин кишвар баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз, бо Валид Ал-Хурайҷӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Арабистони Саудӣ аз масоили меҳварии мулоқоти Каримӣ бо Ал-Хурайҷӣ буданд.
"Дар ин росто, баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2022 муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ахиран азмашонро барои ташкили корхонаҳои муштарак баён доштанд.
Аз ҷумла имзои созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар назар аст. Тарҳи он ахиран зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баррасӣ гардид.
Дар доираи тавофуқот аз ҷумла таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева, асал ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм дар назар аст.