https://sputnik.tj/20220702/charo-tojikiston-iiao-muhojir-1049682238.html
Чаро узвияти Тоҷикистон дар ИИАО барои муҳоҷирон ҷашни бузург аст?
Чаро узвияти Тоҷикистон дар ИИАО барои муҳоҷирон ҷашни бузург аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос, 95 дарсади кулли муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд: аммо ҳоло бархе омилҳо онҳоро аз кишвар дур месозад
2022-07-02T13:20+0500
2022-07-02T13:20+0500
2024-01-24T15:59+0500
иқтисод
ииао
дар тоҷикистон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031896995_0:0:3031:1705_1920x0_80_0_0_d26d5189c624c9553f90846f9b87f124.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Номзади илмҳои иқтисод, раиси Маркази тадқиқоти аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Ирина Дерюгина яке аз бартариҳои аслии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Иқтисоди Аврупо барои муҳоҷирони ин кишварро номбар кард. Ба гуфтаи Дерюгина, дар пасманзари таҳримҳо арзиши пули русӣ ва интиқоли пул барои хориҷиён нақши муҳим дорад, ки ба далели канда шудани чанде аз бонкҳо аз низоми SWIFT шояд мушкил гардад. Коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, "агар қурби рубл башиддат поин равад, кор дар Русия барои муҳоҷирон бефоида мешавад, зеро онҳо рублро ба пули миллӣ иваз мекунанд". Дерюгина ёдовар шуд, ки муҳоҷирати корӣ ба Русия аз Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?Дар баробари ин 95%-и тамоми муҳоҷирони ҷумҳурӣ ба Русия меоянд. Ҳамин тариқ, сокинони кишвар, 12% тамоми қувваи кориро ташкил медиҳанд - ин хеле зиёд аст, қайд кард коршинос. Дерюгина гуфт, акнун ба Русия нерӯи кории хориҷӣ бештар лозим хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031896995_279:0:2974:2021_1920x0_80_0_0_70064a7055e2a796f4d9298cdb86daff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узвият, тоҷикистон, ииао, иқтисод
узвият, тоҷикистон, ииао, иқтисод
Чаро узвияти Тоҷикистон дар ИИАО барои муҳоҷирон ҷашни бузург аст?
13:20 02.07.2022 (Навсозишуда: 15:59 24.01.2024) Эксклюзив
Ба гуфтаи коршинос, 95 дарсади кулли муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд, аммо ҳоло бархе омилҳо онҳоро аз ин кишвар дур месозад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Номзади илмҳои иқтисод, раиси Маркази тадқиқоти аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Ирина Дерюгина яке аз бартариҳои аслии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Иқтисоди Аврупо барои муҳоҷирони ин кишварро номбар кард.
"Айни замон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои кор патент лозим аст, ки барои он моҳе наздики 6 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО, зарурат ба ин санад барои муҳоҷирон аз байн меравад", - қайд кард коршинос.
Ба гуфтаи Дерюгина, дар пасманзари таҳримҳо арзиши пули русӣ ва интиқоли пул барои хориҷиён нақши муҳим дорад, ки ба далели канда шудани чанде аз бонкҳо аз низоми SWIFT шояд мушкил гардад.
Коршинос дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, "агар қурби рубл башиддат поин равад, кор дар Русия барои муҳоҷирон бефоида мешавад, зеро онҳо рублро ба пули миллӣ иваз мекунанд".
Дерюгина ёдовар шуд, ки муҳоҷирати корӣ ба Русия аз Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин 95%-и тамоми муҳоҷирони ҷумҳурӣ ба Русия меоянд. Ҳамин тариқ, сокинони кишвар, 12% тамоми қувваи кориро ташкил медиҳанд - ин хеле зиёд аст, қайд кард коршинос.
"Саҳми онҳо дар ММД-и Русия тақрибан 8% -ро ташкил медиҳад, ки дар соли 2021 амалан 8,5 триллион рубл ё барои ҳар як муҳоҷири корӣ 1 миллион рубл аст", - шарҳ дод ӯ.
Дерюгина гуфт, акнун ба Русия нерӯи кории хориҷӣ бештар лозим хоҳад шуд.