https://sputnik.tj/20220703/ozodsozi-lugansk-amaliyot-seversk-1049711373.html
Баъди озодсозии Луганск: оғози амалиёт дар Северск
Баъди озодсозии Луганск: оғози амалиёт дар Северск
Sputnik Тоҷикистон
Баъди гузоришҳо аз озодсозии комили Ҷумҳурии халқии Луганск мақомоти ин ҷумҳурӣ аз оғози амалиёт барои озодсозӣ дар қаламрави Донетск хабар доданд
2022-07-03T21:02+0500
2022-07-03T21:02+0500
2022-07-04T19:08+0500
дар русия
амалиёт
низомӣ
луганск
донетск
озод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ec74fc8cbefb3a5d016d51ab6b71f101.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Амалиёт барои озодсозии шаҳри Северски ҷумҳурии халқии Донетск оғоз карда шуд, хабар дод ёвари вазири умури дохилии Луганск, Виталий Киселёв. Ба гуфтаи ӯ, даргириҳо барои озодсозии Северск, ки дар 30-километрии ғарби шаҳри Лисичански Луганск қарор дорад, оғоз шуд. Оғози ин амалиёт дар ҳолест, ки қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин.Ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуда буданд. Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
https://sputnik.tj/20220703/kreml-kiev-talaboti-rusiya-1049707252.html
луганск
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_35818529c4cb996ce154cffb9c0acd52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, амалиёт, озодсозӣ, донетск, северск
оғоз, амалиёт, озодсозӣ, донетск, северск
Баъди озодсозии Луганск: оғози амалиёт дар Северск
21:02 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:08 04.07.2022) Баъди гузоришҳо аз озодсозии комили Ҷумҳурии Халқии Луганск мақомоти ин ҷумҳурӣ аз оғози амалиёт барои озодсозӣ дар қаламрави Донетск хабар доданд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Амалиёт барои озодсозии шаҳри Северски ҷумҳурии халқии Донетск оғоз карда шуд, хабар дод ёвари вазири умури дохилии Луганск, Виталий Киселёв.
Ба гуфтаи ӯ, даргириҳо барои озодсозии Северск, ки дар 30-километрии ғарби шаҳри Лисичански Луганск қарор дорад, оғоз шуд.
Оғози ин амалиёт дар ҳолест, ки қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин.
Ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуда буданд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.