https://sputnik.tj/20220703/olim-maruf-koronavirusro-ki-sokht-1049704437.html
Олими маъруф гуфт, коронавирусро кӣ сохт
Олими маъруф гуфт, коронавирусро кӣ сохт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббӣ, профессори Донишгоҳи Колумбияи ИМА COVID-19-ро сунъӣ хонда, созандаҳои онро эълом кард 03.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-03T16:30+0500
2022-07-03T16:30+0500
2022-07-04T19:14+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
чин
има
олим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_4104ceacc489942d8258b368f13d5191.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Коронавирусро вирусологҳои амрикоӣ сохтанд, изҳор дошт профессори донишгоҳи Колумбия, раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббии "Lancet" Ҷефри Сакс.Ӯ зимни конфронси илмӣ дар Испания таъкид намуд, ки вируси сироятии мазкур ба таври сунъӣ сохта шудааст, аммо на дар Чин онро асос гузоштаанд. "Бовар дорам, ки COVID-19 аз сӯи яке аз озмоишгоҳҳои биологии ИМА сохта шудаст. Ин масъаларо ду сол омӯхтам ва метавонам, бигӯям, ки вирус наметавонист, мустақилона дар табиат пайдо шавад", - изҳор дошт олим. Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ. Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.
https://sputnik.tj/20220604/maqomot-eron-omori-favtidaho-koronavirus-1048937032.html
чин
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_528:0:3259:2048_1920x0_80_0_0_4077166c89d70959473a4aa4337acf8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, коронавирус, чин, има, олим
дар ҷаҳон, тандурустӣ, коронавирус, чин, има, олим
Олими маъруф гуфт, коронавирусро кӣ сохт
16:30 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:14 04.07.2022) Раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббӣ, профессори Донишгоҳи Колумбияи ИМА COVID-19-ро сунъӣ хонда, созандаҳои онро эълом кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Коронавирусро вирусологҳои амрикоӣ сохтанд, изҳор дошт профессори донишгоҳи Колумбия, раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббии "Lancet" Ҷефри Сакс.
Ӯ зимни конфронси илмӣ дар Испания таъкид намуд, ки вируси сироятии мазкур ба таври сунъӣ сохта шудааст, аммо на дар Чин онро асос гузоштаанд.
"Бовар дорам, ки COVID-19 аз сӯи яке аз озмоишгоҳҳои биологии ИМА сохта шудаст. Ин масъаларо ду сол омӯхтам ва метавонам, бигӯям, ки вирус наметавонист, мустақилона дар табиат пайдо шавад", - изҳор дошт олим.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.