https://sputnik.tj/20220703/neru-rusiya-havopaymoho-kursk-nobud-1049702196.html
Нерӯҳои Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Курск нобуд кардаанд
Нерӯҳои Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Курск нобуд кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Курск шаби гузашта ду ҳавопаймои бесаршиниши украинӣ нобуд карда шуданд. Волӣ мегӯяд, бар асари ин ҳодиса талафоте ба қайд гирифта нашудааст
2022-07-03T14:00+0500
2022-07-03T14:00+0500
2022-07-04T19:31+0500
дар русия
амният ва мудофиа
ҳавопаймои бесарнишин
нобуд кардан
ҳавоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049571260_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_f236f2aa65983575295dc729734beeaa.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ду ҳавопаймои бесарнишини украинаии "Стриж" зимни парвоз ба қаламрави вилояти Курск аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Русия нобуд карда шуданд. Дар ин бора волии Курск, Роман Старовойт, дар саҳифааш дар "Telegram" хабар додаст. "Шаби гузашта дар ҳоли парвоз ба сӯи Курск нерӯҳои ҳавоии мо ду "Стриж"-и украиниро суқут доданд. Ба шарофати иқдоми касбии низомиён ҷабрдидаҳо дар ин ҳодиса ба қайд гирифта нашуд", - навишт ӯ.Вай ҳамчунин ба наздикони ҳалокшудагон бар асари "ҳамлаи ҳариф" дар вилояти Белгород изҳори ҳамдардӣ кард. Маврид ба зикр аст, ки бомдоди 3 июл дар вилояти Белгород таркишҳои пай дар пай рух доданд. Вячеслав Гладков, раиси ин вилоят гуфт, бар асари таркишҳо як бинои истиқоматии хусусӣ дар Белгород оташ гирифт, се нафар қурбони ин ҳодиса шуда, чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.Ӯ гуфт, миёни захмиён як кӯдаки даҳсола низ ҳаст ва ҳолати як ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.Номбурда гуфт, бо сар задани ҳодиса Хадамоти фаврӣ ва намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтанд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар 11 бинои истиқоматӣ ва дастикам 39 хонаи шахсӣ қисман хароб шудааст. Панҷ хонаи шахсӣ комилан хароб шудааст.Волӣ ба сокинон итминон додааст, ки корҳои барқарорсозӣ аз 3 июл оғоз мешаванд ва тамоми хонаҳо барқарор карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220701/ukraina-mintaqa-lisichansk-talafot-1049664111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049571260_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4473f6bdfbbe76d9d6eb62f8bf9b4f9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тахриб, бесарнишин, украина, курск
тахриб, бесарнишин, украина, курск
Нерӯҳои Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Курск нобуд кардаанд
14:00 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:31 04.07.2022) Дар вилояти Курск шаби гузашта ду ҳавопаймои бесаршиниши украинӣ нобуд карда шуданд. Волӣ мегӯяд, бар асари ин ҳодиса талафоте ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ду ҳавопаймои бесарнишини украинаии "Стриж" зимни парвоз ба қаламрави вилояти Курск аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.
Дар ин бора волии Курск, Роман Старовойт, дар саҳифааш дар "Telegram" хабар додаст.
"Шаби гузашта дар ҳоли парвоз ба сӯи Курск нерӯҳои ҳавоии мо ду "Стриж"-и украиниро суқут доданд. Ба шарофати иқдоми касбии низомиён ҷабрдидаҳо дар ин ҳодиса ба қайд гирифта нашуд", - навишт ӯ.
Вай ҳамчунин ба наздикони ҳалокшудагон бар асари "ҳамлаи ҳариф" дар вилояти Белгород изҳори ҳамдардӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки бомдоди 3 июл дар вилояти Белгород таркишҳои пай дар пай рух доданд.
Вячеслав Гладков, раиси ин вилоят гуфт, бар асари таркишҳо як бинои истиқоматии хусусӣ дар Белгород оташ гирифт, се нафар қурбони ин ҳодиса шуда, чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ӯ гуфт, миёни захмиён як кӯдаки даҳсола низ ҳаст ва ҳолати як ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.
Номбурда гуфт, бо сар задани ҳодиса Хадамоти фаврӣ ва намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтанд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар 11 бинои истиқоматӣ ва дастикам 39 хонаи шахсӣ қисман хароб шудааст. Панҷ хонаи шахсӣ комилан хароб шудааст.
Волӣ ба сокинон итминон додааст, ки корҳои барқарорсозӣ аз 3 июл оғоз мешаванд ва тамоми хонаҳо барқарор карда мешаванд.