https://sputnik.tj/20220701/ukraina-mintaqa-lisichansk-talafot-1049664111.html
Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд
Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд дорад ва ба далели нокомиҳо, теъдоди фирориён афзудааст
2022-07-01T16:16+0500
2022-07-01T16:16+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
артиш
талафот
вазорати дифои русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206046_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_734d0ddd06c05d422a5ff83fa6127a5d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия ва нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Луганск ба Лисичанск расиданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ."Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи бомуваффақияти худро дар минтақаи Лисичанск идома медиҳанд. Тайи се рӯзи охир корхонаи коркарди нафти Лисичанск, кони Матросская, заводи желатин, шаҳраки Тополевка таҳти назорат гирифта шудааст. Нерӯҳои иттифоқчӣ мустақиман ба Лисичанск рафтанд”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.Манбаъ афзуда, ки артиши Украина дар ин минтақа талафоти зиёд дорад. "Танҳо дар деҳаи Верхнекаменка душман дар як рӯз беш аз 120 нафар ва дар Верхнекаменский 70 нафарро талаф дод", - гуфта мешавад дар хабари вазорат. Дар ҳамин ҳол, ба далели нокомиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина теъдоди фирориён ва низомиёне, ки аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ саркашӣ мекунанд, дар майдони набард афзоиш меёбад. Вазорати дифоъ афзуд, ки фармондеҳии Украина ба ҳар роҳ далелҳоро пинҳон мекунад. "Ҳамин тавр, дар яке аз баталонҳои бригадаи 17-уми танкӣ, ки дар минтақаи аҳолинишини Новая Полтавкаи Донетск амал мекард, на бештар аз 20% ҳайати шахсии низомии муқаррарӣ дар сафҳо боқӣ мондаанд", - қайд кард вазорат. Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.Кушта шудани беш аз 200 сокини осоишта ва тахриби 5 ҳазор хона дар ДонетскНерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220701/amaliyot-havopaymo-ukraini-nobud-1049662592.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206046_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_d052857d930ddc32bebd4006c4e69f6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, русия, украина, хабарҳои охирин
амалиёт, русия, украина, хабарҳои охирин
Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд
16:16 01.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд дорад ва ба далели нокомиҳо теъдоди фирориён афзудааст
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия ва нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Луганск ба Лисичанск расиданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи бомуваффақияти худро дар минтақаи Лисичанск идома медиҳанд. Тайи се рӯзи охир корхонаи коркарди нафти Лисичанск, кони Матросская, заводи желатин, шаҳраки Тополевка таҳти назорат гирифта шудааст. Нерӯҳои иттифоқчӣ мустақиман ба Лисичанск рафтанд”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Манбаъ афзуда, ки артиши Украина дар ин минтақа талафоти зиёд дорад.
"Танҳо дар деҳаи Верхнекаменка душман дар як рӯз беш аз 120 нафар ва дар Верхнекаменский 70 нафарро талаф дод", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол, ба далели нокомиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина теъдоди фирориён ва низомиёне, ки аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ саркашӣ мекунанд, дар майдони набард афзоиш меёбад.
Вазорати дифоъ афзуд, ки фармондеҳии Украина ба ҳар роҳ далелҳоро пинҳон мекунад.
"Ҳамин тавр, дар яке аз баталонҳои бригадаи 17-уми танкӣ, ки дар минтақаи аҳолинишини Новая Полтавкаи Донетск амал мекард, на бештар аз 20% ҳайати шахсии низомии муқаррарӣ дар сафҳо боқӣ мондаанд", - қайд кард вазорат.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.