https://sputnik.tj/20220703/bayden-sohibon-suzishvori-narkh-benzin-past-1049700958.html
Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро поин баранд
Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро поин баранд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ИМА аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ даъват кард, ки нархи бензинро поин баранд, аммо ин талоши ӯ боиси масхара гардид
2022-07-03T12:27+0500
2022-07-03T12:27+0500
2022-07-04T19:45+0500
ҷо байден
сӯзишворӣ
има
қиматшавӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_0:0:2566:1444_1920x0_80_0_0_46edf962a69cd0aea5bcf84784cca988.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро паст кунанд. "Нархеро, ки дар истгоҳи сӯзишворифурӯшӣ меситонед, кам кунед, то арзиши маҳсулоти харидаатонро инъикос кунад. Ҳамин ҳоло ин корро кунед", - навишт Байден дар Twitter.Ба эътиқоди ӯ, замони "рискҳои ҷаҳонӣ" расидааст ва масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бояд қимати маводи сӯхтро коҳиш диҳанд.Байден қаблан як қатор пешниҳодҳоеро карда буд, ки ба коҳиши нархи бензин дар ИМА, аз ҷумла, лағви андози сӯзишворӣ нигаронида шудаанд: дар бораи харидани як галлон (3,785 литр) бензин, он 18 сент аст, барои сӯзишвории дизелй — 24 тин. Дар нишасти хабарие, ки пас аз ширкаташ дар нишасти НАТО рӯзи 30 июн баргузор шуд, Байден ба ҳамватанони худ ҳушдор дод, ки онҳо бояд ба қадри зарурӣ барои сӯзишворӣ бештар пардохт кунанд.Пас аз он ки раиси Кохи Сафед ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Амрико барои поин бурдани қимати маводи сӯхт муроҷиат кард, бисёре аз корбарони Twitter ин тақозоро интиқод ва масхара карданд."Оҳ, Худоро шукр, ки шумо инро твиттер кардед. Ин бешубҳа кӯмак хоҳад кард", - тамасхур кард корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Paul Metzgar.Нархи бензин дар ИМА моҳи март ба ҳадди рекордӣ расид ва дар моҳи май боз баландтарин сатҳи таърихиро барқарор кард ва дар моҳи июн он комилан аз 5 доллар барои як галлон гузашт. То 2 июл, ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи бензин ба ҳисоби миёна 4,8 доллар барои як галлонро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2021, вақте ки Байден бори нахуст ба мақоми сарвари давлат нишаст, ин рақам 2,38 доллар барои як галлон, дар моҳи июли соли гузашта 3,1 долларро ташкил медод.Мақомоти Амрико болоравии қимати маводи сӯхт дар ин кишварро ба гардани Путин ҳавола мекунанд.
https://sputnik.tj/20220630/ima-ziyon-rusiya-kishvar-peshpo-1049624345.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046925515_41:0:2230:1642_1920x0_80_0_0_41ce71becf759fdfec34fca813fa1059.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден сӯзишворӣ бензин
Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро поин баранд
12:27 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:45 04.07.2022) Президенти ИМА аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ даъват кард, ки нархи бензинро поин баранд, аммо ин талоши ӯ боиси масхара гардид
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро паст кунанд.
"Нархеро, ки дар истгоҳи сӯзишворифурӯшӣ меситонед, кам кунед, то арзиши маҳсулоти харидаатонро инъикос кунад. Ҳамин ҳоло ин корро кунед", - навишт Байден дар Twitter.
Ба эътиқоди ӯ, замони "рискҳои ҷаҳонӣ" расидааст ва масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бояд қимати маводи сӯхтро коҳиш диҳанд.
Байден қаблан як қатор пешниҳодҳоеро карда буд, ки ба коҳиши нархи бензин дар ИМА, аз ҷумла, лағви андози сӯзишворӣ нигаронида шудаанд: дар бораи харидани як галлон (3,785 литр) бензин, он 18 сент аст, барои сӯзишвории дизелй — 24 тин.
Дар нишасти хабарие, ки пас аз ширкаташ дар нишасти НАТО рӯзи 30 июн баргузор шуд, Байден ба ҳамватанони худ ҳушдор дод, ки онҳо бояд ба қадри зарурӣ барои сӯзишворӣ бештар пардохт кунанд.
Пас аз он ки раиси Кохи Сафед ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Амрико барои поин бурдани қимати маводи сӯхт муроҷиат кард, бисёре аз корбарони Twitter ин тақозоро интиқод ва масхара карданд.
"Оҳ, Худоро шукр, ки шумо инро твиттер кардед. Ин бешубҳа кӯмак хоҳад кард", - тамасхур кард корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Paul Metzgar.
Нархи бензин дар ИМА моҳи март ба ҳадди рекордӣ расид ва дар моҳи май боз баландтарин сатҳи таърихиро барқарор кард ва дар моҳи июн он комилан аз 5 доллар барои як галлон гузашт.
То 2 июл, ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи бензин ба ҳисоби миёна 4,8 доллар барои як галлонро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2021, вақте ки Байден бори нахуст ба мақоми сарвари давлат нишаст, ин рақам 2,38 доллар барои як галлон, дар моҳи июли соли гузашта 3,1 долларро ташкил медод.
Мақомоти Амрико болоравии қимати маводи сӯхт дар ин кишварро ба гардани Путин ҳавола мекунанд.