Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад: ҳушдори ҳавошиносон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Ҳавошиносон аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки ба ҳавои номусоид омода шаванд. Ба таъкиди онҳо, ҷумҳуриро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон тӯфони шадиди чангу ғубор дар назар аст. Чунин ҳаворо ҳавошиносони тоҷик аз 1 то 5 июл пешгӯӣ мекунанд.
"Рӯзҳои 4 ва 5 июл дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол то 120-25 метр дар як сония бо тӯфони чангу ғубор дар назар аст", - хабар медиҳад оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ҳамчунин, ҳавосанҷон аз гармии то 50 дараҷа ҳушдор дода, мегӯяд, сокинон бояд ба чунин гармои тоқатфарсо омода бошанд.
Гуфта мешавад, аз 1 то 4 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм идома карда, дар аксар минтақаҳо то 40-43 дараҷа гарм мешавад.
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Зимнан, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45-47 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 35-40 ва дар ноҳияи Дарвоз дамои ҳаво то 42 дараҷа тафсон мешавад.
Ба гуфтаи олимон, аз 1 то 4 июл дар пайи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст.
Дар ҳамин давра дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани сели хусусияти пиряхӣ имконпазир аст.
Лентаи хабарҳо
0