https://sputnik.tj/20220525/garmo-havosandon-tobiston-tojikistoniyon-1048695167.html
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониёнро тобистони гарми тоқатфарсо интизор аст. Ба гуфтаи ҳавосанҷон гарми дар моҳи аввали ин фасл аллакай аз меъёри иқлимӣ боло меравад
2022-05-25T13:35+0500
2022-05-25T13:35+0500
2022-05-25T20:54+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
тобистон
ҳавои гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/93/1030829310_0:84:2957:1747_1920x0_80_0_0_631d8f6431adca6ce5b46ae81ef02ec1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳарорат муътадил буда, дар миёна ва охирҳои ин моҳ баландшавии он дар дар назар аст.Парвина Саидҷамолова, муовини сардори ин ниҳод дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, ки дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.Ба иттилои манбаъ, дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гармтар пешгӯӣ мешавад. Тибқи маълумоти хонум Саидҷамолова, дар ин ҷойҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 25-30 ва дар доманкӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона тибқи меъёр муқаррарӣ буда, 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст, афзудааст манбаъ.Ҳавосанҷон гармои даҳаи аввали моҳи июнрло шабона 4-19 ва рӯзона аз 27-32 ва то 32-37 дараҷа пешбинӣ кардаанд."Дар миёнаи моҳ болоравии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Миқдори бориш бошад, ҳудуди меъёри иқлимӣ (6,2 мм)-ро ташкил хоҳад дод", - гуфтааст мавсуф.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/93/1030829310_29:0:2760:2048_1920x0_80_0_0_38c85dbdc3c6bc1f7c5d553e2c29783e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармо тоқатфарсо ҳавосанҷон тобистон тоҷикистониён
гармо тоқатфарсо ҳавосанҷон тобистон тоҷикистониён
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
13:35 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:54 25.05.2022) Тоҷикистониёнро тобистони гарми тоқатфарсо интизор аст. Ба гуфтаи ҳавосанҷон, гармӣ дар моҳи аввали ин фасл аллакай аз меъёри иқлимӣ боло меравад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳарорат муътадил буда, дар миёна ва охирҳои ин моҳ баландшавии он дар дар назар аст.
Парвина Саидҷамолова, муовини сардори ин ниҳод дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, ки дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.
Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гармтар пешгӯӣ мешавад.
Тибқи маълумоти хонум Саидҷамолова, дар ин ҷойҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 25-30 ва дар доманкӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона тибқи меъёр муқаррарӣ буда, 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст, афзудааст манбаъ.
Ҳавосанҷон гармои даҳаи аввали моҳи июнрло шабона 4-19 ва рӯзона аз 27-32 ва то 32-37 дараҷа пешбинӣ кардаанд.
"Дар миёнаи моҳ болоравии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Миқдори бориш бошад, ҳудуди меъёри иқлимӣ (6,2 мм)-ро ташкил хоҳад дод", - гуфтааст мавсуф.