https://sputnik.tj/20220702/kiev-odessa-rusiya-kushtor-mardum-ighvo-omoda-1049682011.html
Киев дар Одесса барои муттаҳам кардани Русия дар куштори мардум боз иғво омода мекунад
Киев дар Одесса барои муттаҳам кардани Русия дар куштори мардум боз иғво омода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Ситоди ҳамоҳангсозии байниидораӣ оид ба вокуниши башардӯстона мегӯяд, Киев дар Одесса барои сиёҳ кардани Русия боз иғво эҷод мекунад 02.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-02T12:50+0500
2022-07-02T12:50+0500
2022-07-04T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
одесса
иғво
дар русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206067_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b5ea6e733751dff2980ba95d2bec7cbe.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Режими Киев дар Одесса боз як иғво омода мекунад, то Русияро дар тахриби зербиноҳои ғайринизомӣ ва куштори мардуми осоишта муттаҳам кунад, хабар медиҳад РИА "Новости".Дар бораи иғвои дарпешистода, генерал-полковник Михаил Мизинтсев, сардори ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба вокуниши башардӯстона, сардори Маркази миллии назорати дифои Федератсияи Русия изҳор дошт.Ба қавли ӯ, дар назар аст, ки дар яке аз иншоотҳои иҷтимоӣ тасвири бардурӯғи қурбониён ба саҳна гузошта шавад. барои ин кор аллакай шумори зиёди хабарнигорони хориҷӣ ва коркунони ЮНИСЕФ ҷалб карда шудаанд."Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуда, режими Киев дар Одесса боз як иғвогарии мураккабро барои муттаҳам кардани қувваҳои мусаллаҳи Русия дар куштори ғайринизомиён (аз ҷумла ноболиғон) ва ҳадафмандона хароб кардани инфрасохтори ғайринизомӣ бо истифода аз бомбаҳои кассетӣ, ки дар созишномаҳои байналмилалӣ мамнӯъ шудааст, омода мекунад", - афзудааст Мизинтсев.Вай қайд кард, ки барои ҳамаи иштирокчиёни саҳнаҳои сохташуда пас аз наворбардорӣ "мукофоти пулӣ ба маблағи 500 доллар пешбинӣ шудааст" ва ба ҳар кадоми онҳо аллакай 100 доллар пешпардохт шудааст."Мо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро пешакӣ огоҳ менамоем, ки дар ояндаи наздик ин ва дигар ифшоҳои қалбакӣ дар бораи "ваҳшонияти Русия" бофтаи мақомоти Киев бо дастгирии "кураторҳои" ғарбӣ дар расонаҳои хабарӣ дар назар аст. Мо бори дигар таъкид менамоем, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори ғайринизомӣ зарба намезананд ва ба аҳолии осоишта танҳо ба таври инсондӯстона муносибат мекунанд”, - таъкид кард генерал-полковник.Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Дар ҷараёни амалиёти вижа 226 ҳавопаймои украинӣ нобуд карда шудБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220701/juziyot-payom-zelenskiy-putin-1049671542.html
украина
одесса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049206067_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_517e139b00362e99a026699967adb16c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, одесса, иғво, дар русия, амният ва мудофиа
украина, одесса, иғво, дар русия, амният ва мудофиа
Киев дар Одесса барои муттаҳам кардани Русия дар куштори мардум боз иғво омода мекунад
12:50 02.07.2022 (Навсозишуда: 20:21 04.07.2022) Сардори Ситоди ҳамоҳангсозии байниидораӣ оид ба вокуниши башардӯстона мегӯяд, Киев дар Одесса барои сиёҳ кардани Русия боз иғво эҷод мекунад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Режими Киев дар Одесса боз як иғво омода мекунад, то Русияро дар тахриби зербиноҳои ғайринизомӣ ва куштори мардуми осоишта муттаҳам кунад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Дар бораи иғвои дарпешистода, генерал-полковник Михаил Мизинтсев, сардори ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба вокуниши башардӯстона, сардори Маркази миллии назорати дифои Федератсияи Русия изҳор дошт.
Ба қавли ӯ, дар назар аст, ки дар яке аз иншоотҳои иҷтимоӣ тасвири бардурӯғи қурбониён ба саҳна гузошта шавад. барои ин кор аллакай шумори зиёди хабарнигорони хориҷӣ ва коркунони ЮНИСЕФ ҷалб карда шудаанд.
"Тибқи маълумоти дақиқи мавҷуда, режими Киев дар Одесса боз як иғвогарии мураккабро барои муттаҳам кардани қувваҳои мусаллаҳи Русия дар куштори ғайринизомиён (аз ҷумла ноболиғон) ва ҳадафмандона хароб кардани инфрасохтори ғайринизомӣ бо истифода аз бомбаҳои кассетӣ, ки дар созишномаҳои байналмилалӣ мамнӯъ шудааст, омода мекунад", - афзудааст Мизинтсев.
Вай қайд кард, ки барои ҳамаи иштирокчиёни саҳнаҳои сохташуда пас аз наворбардорӣ "мукофоти пулӣ ба маблағи 500 доллар пешбинӣ шудааст" ва ба ҳар кадоми онҳо аллакай 100 доллар пешпардохт шудааст.
"Мо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро пешакӣ огоҳ менамоем, ки дар ояндаи наздик ин ва дигар ифшоҳои қалбакӣ дар бораи "ваҳшонияти Русия" бофтаи мақомоти Киев бо дастгирии "кураторҳои" ғарбӣ дар расонаҳои хабарӣ дар назар аст. Мо бори дигар таъкид менамоем, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори ғайринизомӣ зарба намезананд ва ба аҳолии осоишта танҳо ба таври инсондӯстона муносибат мекунанд”, - таъкид кард генерал-полковник.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.