Идомаи гармиҳои шадид дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Ду рӯзи аввали моҳи июл ҳам дар Тоҷикистон ниҳоят гарм омад. Дамои ҳаво дар аксари минтақаҳои кишвар то 45 дараҷа боло меравад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарммешавад. Дар қисми шарқӣ рӯзона 20-25 ва шабона 4-9 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш буда дар аксар ноҳияҳо шамол бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Рӯзона дар ин вилоят ҳаво то 34-39 ва шабона 18-23 дараҷа гарм мекунад.
Ҳавои вилояти Хатлон ба фарқ аз дигар минтақаи Тоҷикистон гармтар аст. Ҳавосанҷон шабона 22-27 ва рӯзона 40-45 дараҷа гармиро пешгӯӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳаво дар вилояти Хатлон ғуборолуд мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шабона 18-23 ва рӯзона 37-42 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 29-21 ва рӯзона 40-42 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0