https://sputnik.tj/20220604/hushdor-rahmon-garmi-mushkil-jahon-1048930172.html
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди талошу кӯшишҳои зиёд, мо дар раванди дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан, дар бахши об хеле ақиб мондаем 04.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-04T11:30+0500
2022-06-04T11:30+0500
2022-06-04T11:30+0500
дар тоҷикистон
об
душанбе
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047256491_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_b2389d345361c9d1f2bae021b783d6de.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз захираҳои ҳаётан муҳим зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифта ниёз ба таваҷҷуҳи вижа дар сатҳи ҷаҳонӣ дорад.Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим изҳор дошта гуфт, ҳадафи асосии ин чорабинӣ суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблӣ ва таҳрику ташвиқи амалҳои тоза мебошад.Кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд, ҳоло захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.Ба гуфтаи президент дар Тоҷикистон танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.Ӯ аз қавли коршиносон гуфт, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Сайёра ба шумор мераванд. Вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказиро президент яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо арзёбӣ кард.Ба гуфти ӯ, агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст. Омили дигари вобаста ба раванди мазкур ин афзоиши босуръати теъдоди аҳолии кишварҳои минтақа мебошад. Акнун ин рақам дар як сол ҳамагӣ аз ду ҳазор метри мукааб иборат аст.Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.
https://sputnik.tj/20220529/energiya-sabzi-tojikiston-1048778129.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/01/1047256491_90:0:1510:1065_1920x0_80_0_0_a7a9081bc5c4fc2c6f58b726cee3ad5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, об, душанбе, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, об, душанбе, эмомалӣ раҳмон
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди талошу кӯшишҳои зиёд, мо дар раванди дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан, дар бахши об хеле ақиб мондаем
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз захираҳои ҳаётан муҳим зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифта ниёз ба таваҷҷуҳи вижа дар сатҳи ҷаҳонӣ дорад.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим изҳор дошта гуфт, ҳадафи асосии ин чорабинӣ суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблӣ ва таҳрику ташвиқи амалҳои тоза мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд, ҳоло захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.
"Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйироти иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера, то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд", - гуфт Раҳмон.
Ба гуфтаи президент дар Тоҷикистон танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Ӯ аз қавли коршиносон гуфт, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Сайёра ба шумор мераванд.
Вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказиро президент яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо арзёбӣ кард.
Ба гуфти ӯ, агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст.
Омили дигари вобаста ба раванди мазкур ин афзоиши босуръати теъдоди аҳолии кишварҳои минтақа мебошад. Акнун ин рақам дар як сол ҳамагӣ аз ду ҳазор метри мукааб иборат аст.
Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.