Додситонии Тоҷикистон парвандаи пурсарусадои марги сокини Файзободро шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Наздикони ин ҷавонзани 25-сола ба худкушии ӯ бовар надоранд ва аз мақомот талаб намуданд, ки тафтиши парвандаро аз сар гиранд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи пешакии марги як ҷавонзани 25-сола, сокини ноҳияи Файзобод нишон дод, ки ӯ худкушӣ кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як баёнияи расмӣ парвандаи пурсарусадои марги зани ҷавонро шарҳ дод.
Бар хабари манбаъ, ҷавонзан "бинобар муомилаи бераҳми наздикон бо истифода аз корд ба мавзеи шикам ва гардани худ чанд зарба расондааст".
Ба таъкиди тафтишот, ҷасади дар хун оғуштаи ҷавонзанро, амааш пайдо намуда, зуд ба бемористон интиқол медиҳад. Вале аз сабаби зиёд талаф додани хун, наҷот додани ҷони ӯ ғайриимкон буд.
Сокини Панҷ бо иттиҳоми куштори падараш боздошт шуд
Манбаъ меафзояд, волидони марҳум дар Русия қарор доштанд ва вақте омаданд ба хулосаи тафтишот бовар накарда, талаб намуданд, ки таҳқиқи парванда аз нав оғоз гардад. Марги ин ҷавонзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои зиёде миёни корбарон ба вуҷуд овард.
Дар баёнияи Додситонии кулл омадааст, ки тафтишо ва экспертизаҳои судии гуногун муайян намуданд, ки сабаби марги сокини Файзобод "хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст".
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Ҳукми марде, ки ҳамсарашро дар хона ҷарроҳӣ кард ва зану кӯдакашро "кушт", эълон шуд
Манбаъ зикр намудааст , ки "захму харошаҳои дигари дар бадани марҳум бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд".
Маълум аст, ки аз ҷавонзан се фарзанд ятим монданд ва замони даст ба худкушӣ задани ӯ шавҳараш берун аз Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0