https://sputnik.tj/20220420/hukm-marde-hamsar-khona-jarrohi-1047793227.html
Ҳукми марде, ки ҳамсарашро дар хона ҷарроҳӣ кард ва зану кӯдакашро "кушт", эълон шуд
Ҳукми марде, ки ҳамсарашро дар хона ҷарроҳӣ кард ва зану кӯдакашро "кушт", эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин мард сокини вилояти Суғд буда, бо ҳукми суд ба муҳлати 20 сол равонаи зиндон гардид. Ӯ ҷазояшро дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт сипарӣ хоҳад кард
2022-04-20T12:30+0500
2022-04-20T12:30+0500
2022-04-20T13:02+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Суғд як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кул.Ба гузориши манбаъ, номбурда ба далели даст доштан дар фавти ҳамсараш ва кӯдаки батни ӯ муттаҳам дониста мешавад.Манбаъ меафзояд, сокини деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи январи соли гузашта ҳамсари ҳомилаашро дар шароити хона ҷарроҳӣ кардааст.Суди вилояти Суғд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷангазиев Ваҳобҷон Норбоевичро бо моддаи 104, қисми 2, банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.Гуфта мешавад, мард бо истифода аз корди хоҷагӣ шиками занашро мебурад ва кӯдаку бачадонро мебарорад. Чун мебинад, кӯдак дар бачадон мурдааст, барои наҷоти занаш ҳам чораандешӣ накарда, боиси марги ахирӣ низ мешавад.Нисбати падари хонавода бо моддаи 104, қисми 2, банди "д"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуд ва суди вилояти Суғд гунаҳкор будани ӯро тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ бо қарори суд номбурда ба 20 соли зиндон маҳкум шуд ва ҷазояшро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт сипарӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220414/hukm-javone-kushtor-zan-sabukpo-vahdat-1047643311.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суд суғд куштор ҳукм
Ҳукми марде, ки ҳамсарашро дар хона ҷарроҳӣ кард ва зану кӯдакашро "кушт", эълон шуд
12:30 20.04.2022 (Навсозишуда: 13:02 20.04.2022) Ин мард сокини вилояти Суғд буда, бо ҳукми суд ба муҳлати 20 сол равонаи зиндон гардид. Ӯ ҷазояшро дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт сипарӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Суғд як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кул.
Ба гузориши манбаъ, номбурда ба далели даст доштан дар фавти ҳамсараш ва кӯдаки батни ӯ муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ меафзояд, сокини деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи январи соли гузашта ҳамсари ҳомилаашро дар шароити хона ҷарроҳӣ кардааст.
Суди вилояти Суғд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷангазиев Ваҳобҷон Норбоевичро бо моддаи 104, қисми 2, банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.
"Занаш дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардида, аз ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро базудӣ ба таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидани ҳамсарашро мекунад", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, мард бо истифода аз корди хоҷагӣ шиками занашро мебурад ва кӯдаку бачадонро мебарорад. Чун мебинад, кӯдак дар бачадон мурдааст, барои наҷоти занаш ҳам чораандешӣ накарда, боиси марги ахирӣ низ мешавад.
Нисбати падари хонавода бо моддаи 104, қисми 2, банди "д"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуд ва суди вилояти Суғд гунаҳкор будани ӯро тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ бо қарори суд номбурда ба 20 соли зиндон маҳкум шуд ва ҷазояшро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт сипарӣ мекунад.