https://sputnik.tj/20220702/ahliddin-sarmurabi-istaravshan-1049689261.html
Мутахассиси ӯзбекистонӣ сармураббии тими "Истаравшан" таъйин шуд
Мутахассиси ӯзбекистонӣ сармураббии тими "Истаравшан" таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нуъмон Ҳасанов мутахассиси узбекистонӣ сармурабии нави клуби "Истаравшан" таъйин шудааст. Бо рафтани Ризо Паркас, ин вазифа як моҳ ба ин тараф холӣ монда буд
2022-07-02T19:47+0500
2022-07-02T19:47+0500
2023-07-04T17:43+0500
федератсияи футбол
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
истаравшан
сармураббӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031788989_0:0:2806:1578_1920x0_80_0_0_38e5c72b7de3977e9d58c9b0198b73ab.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Варзишкори ӯзбекистонӣ Нуъмон Ҳасанов сармураббии "Истаравшан" таъйин шуд.Аҳлиддин Юнусов, котиби матбуоти Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тими “Истаравшан” бо Ҳасанов шартнома ба имзо расонидаанд ва тибқи он мутахассиси ӯзбекистонӣ то охири мавсими имсолаи футбол вазифаи сармурабиягиро ба иҷро мерасонад. "Дастаи футболи шаҳри “Истаравшан” зери роҳбарии Нуъмон Ҳасанов аллакай ду бозӣ бо тими “Эсхата” доир намуда бо пирӯзиҳо анҷом дода соҳиби 6 имтиёз гардид. Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар моҳ беҳтарин бозингар ва муррабиро муайян намуда бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Барандаи ин ҷоиза дар моҳи июн мутахасиси ӯзбекистонӣ гардид", - афзуд, Юнусов. Рӯзи 16 май дар пайи бохти пайопайи даста, Ризо Паркас зодаи кишвари Эрон ва шаҳрванди Олмон, сармурабии “Истаравшан” ҳарчанд, ки дубора ба мақоми вазифавӣ барқарор гардида буд, вале истеъфо дод. Масъулини клуби футбол гуфта буданд, ки монеъаи ин хоҳиши мутахассиси олмонӣ шуда натавонистанд. Бозгашти дигарбораи сармурабии олмонии “Истаравшан” бо дархости мухлисон"Худаш гуфт, ки дигар хоҳиши кор кардан надорад ва истеъфо дод. Масъулини футболи шаҳри Истаравшан дигар ин хоҳиши ӯро рад карда натавонистанд ва ӯ бо тим хайрухуш карда рафт", – гуфта буданд, масъулини "Истаравшан". "Истаравшан" ба ҳисоби “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” чаҳорумин дастаи футболи Суғд аст, ки дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад.Бино ба раддабандии мавқеи дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, “Истаравшан”, 10 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 6 қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220519/rizo-parkas-bokht-paydarpayi-istaravshan-istefo-1048566403.html
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031788989_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_03b56a4dcb3c3eb0faa780918c948781.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармурабӣ, тими нав, "истаравшан",
сармурабӣ, тими нав, "истаравшан",
Мутахассиси ӯзбекистонӣ сармураббии тими "Истаравшан" таъйин шуд
19:47 02.07.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Нуъмон Ҳасанов, мутахассиси узбекистонӣ сармураббии нави клуби "Истаравшан" таъйин шудааст. Бо рафтани Ризо Паркас ин вазифа як моҳ ба ин тараф холӣ буд
ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Варзишкори ӯзбекистонӣ Нуъмон Ҳасанов сармураббии "Истаравшан" таъйин шуд.
Аҳлиддин Юнусов, котиби матбуоти Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, тими “Истаравшан” бо Ҳасанов шартнома ба имзо расонидаанд ва тибқи он мутахассиси ӯзбекистонӣ то охири мавсими имсолаи футбол вазифаи сармурабиягиро ба иҷро мерасонад.
"Дастаи футболи шаҳри “Истаравшан” зери роҳбарии Нуъмон Ҳасанов аллакай ду бозӣ бо тими “Эсхата” доир намуда бо пирӯзиҳо анҷом дода соҳиби 6 имтиёз гардид. Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар моҳ беҳтарин бозингар ва муррабиро муайян намуда бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Барандаи ин ҷоиза дар моҳи июн мутахасиси ӯзбекистонӣ гардид", - афзуд, Юнусов.
Рӯзи 16 май дар пайи бохти пайопайи даста, Ризо Паркас зодаи кишвари Эрон ва шаҳрванди Олмон, сармурабии “Истаравшан” ҳарчанд, ки дубора ба мақоми вазифавӣ барқарор гардида буд, вале истеъфо дод.
Масъулини клуби футбол гуфта буданд, ки монеъаи ин хоҳиши мутахассиси олмонӣ шуда натавонистанд.
"Худаш гуфт, ки дигар хоҳиши кор кардан надорад ва истеъфо дод. Масъулини футболи шаҳри Истаравшан дигар ин хоҳиши ӯро рад карда натавонистанд ва ӯ бо тим хайрухуш карда рафт", – гуфта буданд, масъулини "Истаравшан".
"Истаравшан" ба ҳисоби “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” чаҳорумин дастаи футболи Суғд аст, ки дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад.
Бино ба раддабандии мавқеи дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, “Истаравшан”, 10 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 6 қарор дорад.