Ризо Паркас баъд аз панҷ бохти пай дар пайи тими “Истаравшан” худаш истеъфо дод

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкФутбольный тренер
Футбольный тренер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Ризо Паркас, сармурабии дастаи футболи “Истаравшан” ҳарчанд дубора ба мақоми вазифавиаш барқарор шуд, вале дар пайи бохти пайопай истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Дар бораи ба истеъфо рафтани Ризо Паркас манобеъ аз клуби футболи “Истаравшан” ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, оқои Паркас 16 май, як рӯз пас аз бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки бо ҳисоби 1:0 бар нафъи соҳибони майдон тамом шуд, бо хоҳиши худ корро тарк намуда, ба Олмон, кишвари худ баргаштааст.

“Худаш гуфт, ки дигар хоҳиши кор кардан надорад ва истеъфо дод. Масъулини футболи шаҳри Истаравшан дигар ин хоҳиши ӯро рад карда натавонистанд ва ӯ бо тим хайрухуш карда рафт”, – гуфт манбаъ аз дастаи “Истаравшан”.

Ин дар ҳолест, санаи 6 май, баъди ҳамагӣ чаҳор рӯзи барканорӣ Паркас бо пешниҳоди мухлисони даста дубора ба вазифаи сармураббии даста таъйин шуд.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Бозгашти дигарбораи сармурабии олмонии “Истаравшан” бо дархости мухлисон
Рӯзи 2 май Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан бо баргузории ҷаласа бо иштироки директори клуб Алишер Фозилов дар бораи қатъи шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббии даста Ризо Паркас ва Шуҳрат Шамсиев иттилоъ дода буд.
Ҳоло баъд аз рафтани сармураббии олмонӣ масъулини тим дар ҷустуҷӯи сармурабии нав ҳастанд. Зимнан кори сармурабиро ҳоло худи мудири клуб Алишер Фозилов анҷом медиҳад.
Дастаи “Истаравшан” то имрӯз дар умум 7 бор бозӣ карда, як пирӯзӣ як мусовӣ ва дар панҷ бозии дигар бохт доштааст.
Бино ба раддабандии мавқеи дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, он ҳамагӣ 4 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 9 қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0