Баҳси ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон миёни Маскаву Душанбе: вазири тоҷик созишномаи нав хост

© Дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМузаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Вазирони адлияи Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи ҳамоиши 10-уми байналмилалӣ дар Санкт-Петербург густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои русаш, Константин Чуйченко хостори таҳкими ҳамкориҳо ва бастани созишномаи нав дар ин бахш гардид.
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, мулоқоти мазкур дар ҳошияи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дошт, баргузор гардид.
Вазири адлияи Тоҷикистон барои тавсеаи муносибати минбаъда ба ҷониби Русия пешниҳод намудааст, ки созишномаи ҳамкорӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба баррасии тарафҳо ирсол карда шавад.
Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ
Дар ин замин ҳамкорӣ дар бахши омода намудан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои мақомоти адлия муҳим хонда шудаст.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо барои рушди ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ мусоидат намоянд.
"Инчунин амалӣ кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин дар доираи Форуми 10-уми байналмилалӣ ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ баргузор шуд, ки зимни он вазири адлияи Тоҷикистон раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои ИДМ дар соли 2023 интихоб гардид.
Лентаи хабарҳо
0