https://sputnik.tj/20220701/vazifa-nav-vazir-tojikiston-idm-1049674379.html
Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ
Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб шуд
2022-07-01T19:10+0500
2022-07-01T19:10+0500
2022-07-01T19:14+0500
вазорати адлия
дар тоҷикистон
дар русия
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049673974_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_c2cc79d3dd19721e88f3d3c2dd6daba0.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон соли 2023 раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардид.Дар ин бора хаадмоти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки чунин тасмими зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ гирифта шудааст.Ҳамчунин, дар ин ҷаласа қарор шудааст, ки ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад. 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ, дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати вазири адлияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини вазири адлияи Белорус Николай Старовойтов, вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва вазири адлияи Ӯзбекистон Русланбек Давлетов ширкат доштанд.Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазирДар рафти ҷаласа, аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намудаанд.Бояд гуфт, ки Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20220313/prezident-hukumat-vazir-adliya-taghyiroti-kadri-1046754434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049673974_57:0:1124:800_1920x0_80_0_0_4e644a717f3ce58a2923add17cd1be16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазифа, идм, ашӯриён, вазорати адлия, вазир, азифа
вазифа, идм, ашӯриён, вазорати адлия, вазир, азифа
Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ
19:10 01.07.2022 (Навсозишуда: 19:14 01.07.2022) Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои вазирони адлияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон соли 2023 раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардид.
Дар ин бора хаадмоти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин тасмими зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа қарор шудааст, ки ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ, дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати вазири адлияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини вазири адлияи Белорус Николай Старовойтов, вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва вазири адлияи Ӯзбекистон Русланбек Давлетов ширкат доштанд.
Дар рафти ҷаласа, аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намудаанд.
Бояд гуфт, ки Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.