https://sputnik.tj/20220701/kissinjer-anjom-buhron-ukraina-1049661703.html
Киссинҷер 3 анҷоми эҳтимолии буҳрони Украинаро гуфт
Киссинҷер 3 анҷоми эҳтимолии буҳрони Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин роҳе, ки буҳрони Украина бо он метавонад анҷом ёбад, назорати Русия бар қисми зиёди қаламрави Донбасс ва соҳили Баҳри Сиёҳ гуфта шуд
2022-07-01T16:55+0500
2022-07-01T16:55+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амалиёт
оқибат
анҷом
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049130032_0:133:2717:1661_1920x0_80_0_0_7a362d3c432cc27316760e22998eaedc.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Буҳрони Украина метавонад, бо 3 роҳ анҷом ёбад, изҳор дошт Ҳенри Киссинҷер, собиқ котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо маҷаллаи "Spectator". Ба гуфтаи ӯ, гузинаи аввал ин назорати Русия бар Донбасс, ки пирӯзии Маскав хоҳад буд. "Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд", - иқтибос овардаст РИА "Новости" аз суҳбати Киссинҷер. Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад. Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд. "Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад", - афзуд ӯ. Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисҷумҳур, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20220701/ukraina-mintaqa-lisichansk-talafot-1049664111.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049130032_0:0:2717:2037_1920x0_80_0_0_baf818992b4bb953f9f32415ea4c4324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
се, анҷом, буҳрон, украина, киссинҷер
се, анҷом, буҳрон, украина, киссинҷер
Киссинҷер 3 анҷоми эҳтимолии буҳрони Украинаро гуфт
16:55 01.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Нахустин роҳе, ки буҳрони Украина бо он метавонад анҷом ёбад, назорати Русия бар қисми зиёди қаламрави Донбасс ва соҳили баҳри Сиёҳ гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Буҳрони Украина метавонад, бо 3 роҳ анҷом ёбад, изҳор дошт Ҳенри Киссинҷер, собиқ котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо маҷаллаи "Spectator".
Ба гуфтаи ӯ, гузинаи аввал ин назорати Русия бар Донбасс, ки пирӯзии Маскав хоҳад буд.
"Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд", - иқтибос овардаст РИА "Новости" аз суҳбати Киссинҷер.
"Дар ин сурат нақши Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО ҳалкунанда нахоҳад буд, тавре қаблан буд", - изҳор доштаст ӯ.
Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад.
Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд.
"Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад", - афзуд ӯ.
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисҷумҳур, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.