Байден бародарон Кличкоро фарқ накард

© MANDEL NGANПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостааст, бо шаҳрдори Киев суҳбат кунад, аммо ба ҷойи ӯ ба бародараш муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Президенти ИМА, Ҷо Байден натавонист, шаҳрдори Киев, Виталий Кличкоро аз бародараш Владимир фарқ кунад. Ҳолати мазкур зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО дар Мадрид сурат гирифт, хабар додааст Владимир Кличко дар суҳбат бо нашрияи олмонии "Bild".
Ба гуфтаи варзишкор, президенти Амрико хостааст, бо шаҳрдори Киев суҳбат орояд, аммо иштибоҳан ба ӯ муроҷиат кардааст.
"Маро зиёд иштибоҳан шаҳрдори Киев мепиндоранд. Ман ҳар бор маҷбурам, таъкид кунам, ки ин ман нестам. Чунин бо Ҷо Байден ҳам рух дод. Вай фикр кард, ки ман Виталий мебошам", - изҳор дошт Владимир Кличко.
Ба гуфтаи варзишкор, роҳбари ИМА дар чорабинӣ ба бародарон Кличко таваҷҷуҳи зиёд кард ва дар баробари масоили дигар, Байден ҳамчунин дар бораи набераҳояш нақл кардааст, ки мухлиси ин варзишкорон мебошанд.
Дар ҳамин ҳол президенти ИМА дар ҳамоиши роҳбарони НАТО дар Мадрид чанд бор дар ҳолатҳои ногувор афтид. Аз ҷумла зимни музокирот бо сарвазири Испания, Педро Санчес, НАТО-ро барои худаш хатар хонд.
Саммит G7 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Амали Байден дар нишасти G7 корбарони интернетро хандонд: видео
Ҳамчунин ӯ дар мулоқот бо монархҳои Испания қоидаҳоро вайрон кард. Ӯ бар хилофи қоида аввал бо малика Летисия ва баъд ба шоҳ Филипп VI салом кард. Ва дар ҷараёни аксбардории муштарак раҳбари Амрико маликаро ба оғӯш кашид.
Дар баробари ин зимни суҳбат аз васеъшавии НАТО натавонист, миёни Шветсия ва Швейтсария фарқ гузорад.
Лентаи хабарҳо
0