https://sputnik.tj/20220630/rahmon-jabborov-zang-zad-1049634422.html
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон бо ташаббуси ҳамсоякишвар сурат гирифт
2022-06-30T15:44+0500
2022-06-30T15:44+0500
2022-06-30T15:44+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
эмомалӣ раҳмон
содир ҷабборов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_0:151:2835:1746_1920x0_80_0_0_c35e4e9ef1c0de24d6d2c22ac95dee87.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзудааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 30 июл суҳбати телефонӣ анҷом доданд.Манбаъ меафзояд, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт.Гуфта мешавад, зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карда буданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар анҷми музокирот як протоколи дахлдор ба имзо расид ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар қаламрави Қирғизистон баргузор шавад.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.
https://sputnik.tj/20220628/tojikiston-qirghiziston-masala-alomatguzori-marz-barrasi-1049574432.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510783_154:0:2682:1896_1920x0_80_0_0_89b0f770866b544a73a1fce20767f662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон содир ҷабборов
эмомалӣ раҳмон содир ҷабборов
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон бо ташаббуси ҳамсоякишвар сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзудааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 30 июл суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Манбаъ меафзояд, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
"Мусоҳибон доир ба омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карда буданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар анҷми музокирот як протоколи дахлдор ба имзо расид ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар қаламрави Қирғизистон баргузор шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.