https://sputnik.tj/20220426/miskinobod-shahrak-nomi-nav-1047985748.html
Қарори ҳукумат: Мискинобод шаҳрак шуду номи нав гирифт
Қарори ҳукумат: Мискинобод шаҳрак шуду номи нав гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор аз пешниҳоди вакилони халқи ноҳияи Файзобод барои тағйири бархе ҷойномҳо дар минтақаро ҷонибдорӣ кардаст
2022-04-26T20:44+0500
2022-04-26T20:44+0500
2022-04-26T20:58+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷой
ном
файзобод
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043850656_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_888eb2060b26925763f3f93086e7eab1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳракро гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Мискинобод табдил дода шуд. Инчунин бо қарори ҳукумат ба ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳрак дода шуда, номи он ба “30-солагии Истиқлол” иваз гардид. Интизор меравад, ки тағйироти мазкур дар ҷойномҳои ноҳияи Файзобод баъди қарори Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар мавриди амал қарор гирад. Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта шудааст.Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърих беш аз 12,5 ҳазор номи маҳаллаҳои аҳолинишину мавзеъҳои ҷуғрофиро мавриди омӯзиш қарор дод.Ба гуфтаи раиси кумита, дар пайи омӯзиш 4 ҳазору 833 номеро ошкор намуданд, ки ғайримеъёрӣ, ба муқаррароти Қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.Ӯ тавзеҳ дод, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шуданд. Муҳамммадзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардид.
https://sputnik.tj/20220322/yangishahr-minbuloq-qazaqtar-ivaz-1046978386.html
файзобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043850656_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_8dd0b5ebb13d982048e9af5eeb711fa3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйир, ҷойном, файзобод
Қарори ҳукумат: Мискинобод шаҳрак шуду номи нав гирифт
20:44 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:58 26.04.2022) Ҳукумати Тоҷикистон аз пешниҳоди вакилони халқи ноҳияи Файзобод барои тағйири бархе ҷойномҳо дар ин ноҳия ҷонибдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳракро гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Мискинобод табдил дода шуд.
Инчунин бо қарори ҳукумат ба ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳрак дода шуда, номи он ба “30-солагии Истиқлол” иваз гардид.
Интизор меравад, ки тағйироти мазкур дар ҷойномҳои ноҳияи Файзобод баъди қарори Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар мавриди амал қарор гирад.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърих беш аз 12,5 ҳазор номи маҳаллаҳои аҳолинишину мавзеъҳои ҷуғрофиро мавриди омӯзиш қарор дод.
Ба гуфтаи раиси кумита, дар пайи омӯзиш 4 ҳазору 833 номеро ошкор намуданд, ки ғайримеъёрӣ, ба муқаррароти Қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шуданд. Муҳамммадзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардид.